Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатиро дар ноҳияи Дӯстӣ ифтитоҳ намуданд

Октябрь 28, 2021 08:58

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстиро низ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëд гардидааст.

Корҳои сохтмониро коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абдураҳмон-2013” анҷом дода, дар раванди амалисозии лоиҳаи мазкур зиёда аз 60 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ ба корҳои муваққатӣ ҷалб карда шуданд.

Масоҳати умумии  Боғи фарҳангию фароғатӣ  3 гектарро ташкил медиҳад.

Дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстӣ аттраксионҳои кӯдакона, суҳбаткадаҳо, нишастгоҳҳо, фаввора, майдончаи варзишӣ, майдони волейбол, ду майдон барои тамрини бадан, ҷой барои бозии кӯдакон, ҷой барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳавзи об ва торшерҳо (чароғи поядор) барои таъмини рӯшноӣ мавҷуд аст.

Дар боғи мазкур дар масоҳати 6500 метри мураббаъ корҳои сабзазоркунӣ сурат гирифта, ҳамзамон навъҳои гуногуни дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва гулҳои нодири ороишӣ шинонида шудаанд.

Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстӣ баъди навсозӣ ба мавзеи зебою назаррабо табдил ёфтааст, ки дар он барои сайру гашти сокинон шароити арзандаи истироҳат фароҳам гардидааст.

Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ 28.10.2021

Октябрь 28, 2021 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд