АЗМ БА ХИЗМАТИ ВАТАН! Дар ноҳияи Варзоб 42 нафар наваскарон соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуданд
ВАРЗОБ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Варзоб бо иштироки масъулини ноҳия, даъватшавандагону падару модарон, ҷавонон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Рӯзи даъватшаванда ва Рӯзи забони давлатӣ ботантана таҷлил гардид. Дар ин рӯз собиқадорону масъулини ноҳия даъватшавандагонро бо Рӯзи забони давлатӣ ва азми хизмат ба Ватан намуданашон табрик гуфта, бо дуои нек ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намуданд.
Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода гуфт, ки «Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатӣ расидан, шукри соҳибватанию соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем».
Дар рӯзи аввали даъвати ҳарбӣ ноҳияи Варзоб зиёда аз 60 фоизи нақшаи даъватро иҷро намуд. Ҳамчунин дар ҳамоиши мазкур ба 42 нафар наваскароне, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб курси ронандагии ТҶ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
Даъватшаванда Алӣ Ашуров аз Ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб иброз дошт, ки «дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлатамонро ба хубӣ дарк намуда, тасмим гирифтам, ки ба хотири ҳимояи марзу буми кишвар ва пойдории ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ дар як қисми низомии мамлакат хизмати Ватан –Модарро сарбаландона адо намоям».
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки забони тоҷикӣ- мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст. Он имрӯз падидаи фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он ҳар нафар ҳувияти хешро мешиносад.
Ҳунармандони ноҳия барои болидахотирии наваскарону падару модарон барномаи консертии ҷолибро манзури ҳозирин гардониданд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






