«ДАР ҶАВОНӢ ДОР ПИРОНРО АЗИЗ…». 1 октябр — Рӯзи байналмилалии куҳансолон

Октябрь 1, 2021 10:55

ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.Ҳамасола 1 октябр бо қарори Ассамблеяи генералии СММ  Рӯзи байналмилалии пиронсолон (ё худ одамони калонсол -«International Day of Older Persons») ҷашн гирифта мешавад.  Ин рӯз 14 декабри соли 1990 эълон гардида, дар Тоҷикистон он аввалин маротиба соли 1993 ҷашн гирифта шуд. Рўзи байналмилалии пиронсолон бо ташаббуси собиқ Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ, бахусус дар тамоми муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва хадамоти хизматрасонии иҷтимоӣ таҷлил мегардад. Дар сатҳи маҳаллӣ барномаи дастгирии иҷтимоии пиронсолон «Ғамхорӣ» қабул гардид.

Мақсад аз эълон намудани ҷашни мазкур ҷалб намудани таваҷҷуҳи  ҷомеа ба мушкилиҳои одамони куҳансол,  масъалаҳои пиршавии аҳолӣ ва ҳамчунин пайдо намудани имконият ҷиҳати беҳтар намудани сифати зиндагии нафақахўрон мебошад. Дар ибтидо Рўзи пиронсолон дар Аврупо, баъдан дар Амрико ва дар охирҳои солҳои 90-ум аллакай дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешуд.

Тавре сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонов зимни яке аз суҳбатҳои худ бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, пиронсол  гуфта, шахсеро меноманд, ки ба синни нафақа расидааст. Чун анъана давраи пиронсолӣ асосан аз синни 75 боло фаҳмида мешавад.

«Агар инсон солим, тавонманду бардам буда, қувваи корӣ дошта бошад ва  дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок намояд, пиронсолӣ барои ў мафҳуми шартӣ маҳсуб мешавад»,- мегӯяд Қудратулло Қурбонов.

Ҳоло дар мамлакат беш аз 90  муассисаи иҷтимоие мавҷуданд, ки бевосита ба масъалаҳои пиронсолон ва маъюбон сару кор доранд. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  6 маркази минтақавиии хизматрасонии иҷтимоӣ, 41 шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбони  бекасу танҳо фаъолият мекунанд. Инчунин дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  бахшу шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ  фаъолият доранд, ки вазифаи асосии онҳо  ҳифзи иҷтимоии ин қишри аҳолӣ мебошад. Бар замми ин,  барои ин  қишри ҷомеа кумакҳои якдафъаина ва ҳармоҳаи унвонӣ  пешбинӣ шудаанд.

Тавре бузурге мефармояд:

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,
То азизи дигарон гардӣ ту низ.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи аҳолии калонсол тибқи моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя мешавад. Дар он омадааст, ки  ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.

 

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 1, 2021 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд