Дар барномаи таҳлилии «Бозтоб»-и «Радиои Ховар» вазъи омодагии муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба давраи зимистон тавзеҳ меёбад
ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. То фарорасии фасли зимистон ҳамагӣ як моҳ боқӣ мондааст. Аз ин рӯ соҳаҳои иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, хусусан муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиро зарур аст, ки сари вақт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 омода шаванд.
Ҳамасола ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон нақшаи чорабиниҳо таҳия мегардад, ки барои иҷрои он вазорату идора ва кумитаву муассисаҳо муваззафанд. Имрӯзҳо барои гузаронидаи давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 дар ҳама муассисаву корхонаҳо ин раванд ҷараён дорад.
Ҳайати эҷодии барномаи таҳлилии “Бозтоб” доир ба мавзӯи мавриди назар, яъне вазъи омодагӣ ба зимистон андешаҳои масъулини якчанд муассисаи таълимию тарбиявӣ ва ниҳодҳои дигари дахлдорро ба таваҷҷуҳи Шумо қарор медиҳад.
Баррасии ҳама паҳлӯҳои мавзӯи мазкур дар барномаи навбатии таҳлилии «Бозтоб» 20 октябр, соати 09:30 ва (такроран) 17:30, 21:30 аз «Радиои Ховар». Муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави Наврӯз.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






