Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид
ДУШАНБЕ 23.10. 2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Даври вилоятии озмуни мазкур дар ду минтақаи вилояти Хатлон: Бохтар ва Кӯлоб доир шуда, он то 27 октябр идома меёбад. Баргузории озмун дар шаҳри Кӯлоб 25 октябр муайян шудааст, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ дар оғози озмун иштирокчиёнро барои ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанашон табрик намуда, зикр кард, ки иқдоми наҷиби Сарвари давлат – баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омили болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, донишҷӯён, наврасону ҷавонон ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа гардидааст».
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода зикр намуд, ки китоб воситаи муҳимтарини ахбори оммавӣ, илмӣ ва техникӣ, аслиҳаи пурзӯри муборизаи сиёсию идеологӣ дар паҳнкунӣ ва тарғиби дониш, маълумот ва тарбия ба шумор меравад.
-Рушди анъанаи китобдориву китобхонӣ яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии Пешвои миллат дониста мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳо бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат иброз доштанд: «Мо як нуктаро ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки китобхонӣ роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи маърифат аст ва олим бе китобхонӣ олим намешавад. Зеро бузургон гуфтаанд, ки ҳар гоҳ аз китобхонӣ бозмондӣ, аз фикр кардан ҳам мемонӣ», — афзуд Давлат Сафарзода.
Мавсуф таъқид намуд, ки бояд дар озмун шаффофият таъмин гардида, танҳо беҳтаринҳо ба даври ҷумаҳуриявии озмун роҳ ёбанд.

Аксҳо аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт






