Дар Душанбе ҷаласаи 3-юми фосилавии Шӯрои машваратии назди Президенти ҷумҳурӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ доир гардид

Октябрь 12, 2021 13:24

ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласаи  3-юми фосилавии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба беҳтар кардани  фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ, роҳбарон ва масъулони  вазорату идораҳои  марбута, бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуда, натиҷаҳои  мониторинги  иҷрои қарорҳои  ҷаласаи 2-юми  фосилавӣ, ҷараёни иҷрои қарорҳои  ҷаласаи XXI  Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои  сармоягузориро баррасӣ  намуданд.

Муовини якуми  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  арзишмандтарин  дастоварди давлатдорист,  бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ  ва рушди бахши хусусию  соҳибкорӣ ислоҳоти куллӣ гузаронида шуданд, ки натиҷаҳои назаррас  дода истодааст.

Мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо соҳибкорону сармоягузорон, баргузории ҳамоишу  форумҳои байналмилалӣ  бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат, фароҳам будани майдонҳои муколамаи давлат ва бахши хусусӣ  дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, таъсис ва фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ҳамчун  муҳимтарин майдони   муколамаи давлат  ва бахши хусусӣ, баёнгари таваҷҷуҳи доимии  Пешвои миллат  дар ташаккули   фазои сармоягузорӣ ва  рушди соҳибкорӣ  маҳсуб ёфта,  дар таърихи мамлакат ва замони соҳибистиқлолии  кишвар бесобиқа аст.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки Пешвои миллат  дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат дастур доданд, ки вазорату идораҳо барои ҷалби сармояи мустақим, боз ҳам беҳтар намудани  фазои сармоягузорӣ ва  рушди соҳибкорӣ, бахусус ҷорӣ кардани  расмиёти электронии  баррасӣ ва пешниҳоди   иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо  барои  фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ин раванд бартараф намудани  омилҳои субъективӣ фаъолияти худро  густариш диҳанд.

Дар самти саноатикунонии босуръати  мамлакат, ки ҳадафи чоруми  стратегӣ эълон гардидааст, барои  татбиқи он тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст. Хусусан «Барномаи  саноатикунонии  босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2020-2025», ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ  моҳи майи соли 2020 қабул гардид, бо маром  татбиқ мегардад. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун кишвари рушдкунанда дорои заминаҳои воқеии  рушди саноат, саноати сабук, истеҳсоли масолеҳи  сохтмон, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати маъдан  ва дар ин замина рушди  истеҳсолоти миллӣ аст. Барои  рушди соҳаи саноат барномаву стратегияҳо, нақшаи чорабиниҳо, аз ҷумла, Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷолибгардонии фазои сармоягузорӣ  дар соҳаи саноат барои солҳои 2021-2023 қабул гардида, дар натиҷаи татбиқи онҳо  саҳми соҳа дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ мунтазам афзоиш меёбад.

Дар ҷаласаи 3-юми фосилавии  Шӯрои машваратии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саъдӣ Қодирзода,  Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир,  Намояндаи доимии  Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Пратибҳа Меҳта, Намояндаи доимии Бонки  аврупоии таҷдид ва рушд  дар Тоҷикистон Рика Ишии доир ба фазои  сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва саҳми шарикони рушд  дар пешбурди иқтисодиёти Тоҷикистон  ибрози назар намуданд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо  таъмини иҷрои саривақтӣ ва самаранокии  супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, қарорҳои ҷаласаҳо ва супоришҳои   Шӯрои машваратиро дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ таъкид намуд.

Дар анҷоми ҷаласа бо назардошти  пешниҳодҳо дастуру  супоришҳои дахлдор дода шуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»     

 АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 12, 2021 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ду мошини махсуси чорвокашонӣ дастрас шуд
Кабк «Парандаи сол-2026» интихоб гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили сабзӣ аз кишти такрорӣ идома дорад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи сифати аудити берунаи ташкилотҳои суғуртавӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муҳими стратегӣ дар соҳаи нақлиёт байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
«Саноатсодиротбонк» барои дастгирии соҳибкорӣ ва иқтисоди «сабз» «Иқдоми нав дар Соли нав»-ро роҳандозӣ менамояд
«Саҳифаи интернетии мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо»-и хизматрасониҳои молиявӣ таҳия карда мешавад
Байни Тоҷикистону Ҷопон Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои солҳои 2026-2028 қабул карда мешавад
Доир ба имконоти рушди устувор ва сайёҳии экологии Резервати биосферии «Ромит» конфронси илмӣ баргузор гардид
Иҷрои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» натиҷагирӣ гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи беш аз 836 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст
Воридоти панелҳои офтобӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад