Дар Душанбе лоиҳаи Стратегияи кишварии Бонки рушди АвруОсиё дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар/. Дар шаҳри Душанбе масъалаҳои рушди ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди АвруОсиё баррасӣ шуданд, хабар медиҳад avesta.tj.
Вазири рушди иқтисод ва савдо, директор аз Тоҷикистон дар Бонки рушди АвруОсиё Завқӣ Завқизода бо директори Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон Николай Никулин мулоқот намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, дар оғози мулоқот Завқӣ Завқизода Николай Никулинро ба муносибати ба вазифаи нави масъул таъйин шуданаш табрик гуфта, ба ӯ муваффақияти касбӣ таманно кард.
Ҳамзамон ҷонибҳо лоиҳаи Стратегияи кишварии Бонки рушди Авруосиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 муҳокима намуда, тақвияти ҳамкориро дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ зарур донистанд.
Аз ҷумла, масъалаҳои таъсиси марказҳои муосири тақсимоти яклухт, сохтмони клиникаҳои бемориҳои сироятӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ, аз ҷумла дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд иброз доштанд, хабар доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид






