Дар Душанбе маркази савдою хизматрасонии «Истиқбол» ифтитоҳ гардид

Октябрь 28, 2021 10:38

ДУШАНБЕ, 28.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе толори мебели «Истиқбол» ба фаъолият оғоз намуд. Иншооти мазкур дар заминаи дастгирии бахши хусусӣ бо ташаббуси сармоягузорон аз Ҷумҳурии Туркия ва саҳми соҳибкорони ватанӣ бунёд гардид,  иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳи маркази муосири хизматрасонӣ, ки дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ мавқеъ дорад, муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, намояндаи ширкати мебелбарории «Истиқбол» аз Ҷумҳурии Туркия ва  соҳибкорони ватанӣ, ки ин марказро ташкил намудаанд, ширкат варзиданд.

Таъкид гардид, ки давоми 2 соли охир танҳо дар ин кӯчаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зиёда аз 10 иншооти таъйиноти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аксаран бо саҳми соҳибкорон ба фаъолият оғоз намудаанд.

Фаъолияти чунин марказҳои савдою хизматрасонӣ имкон фароҳам меорад, ки шаҳрвандон мебели хушсифатро барои корхонаву идораи худ дастрас намоянд. Дар заминаи сиёсати дурбинонаи роҳбарияти олии мамлакат ва дастгирии шаҳрдории Душанбе фаъолияти соҳибкорӣ дар пойтахт беҳтар гардида, соҳибкорон дар бахшҳои гуногун ташкили чунин марказҳои савдою хизматрасониро роҳандозӣ менамоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки ширкати овозадори «Истиқбол» калонтарин корхонаи мебелбарорӣ дар Ҷумҳурии Туркия ба ҳисоб рафта, дар аксар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон намояндагии худро ташкил намудааст.

Акс аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Октябрь 28, 2021 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд