Дар Душанбе нахустин Фестивали маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ доир гардид

Октябрь 29, 2021 13:14

ДУШАНБЕ, 29.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе нахустин Фестивали маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он 27 нафар омӯзгорону мурраббиёни узви давлатҳои ИДМ, ки 9  нафарашон омӯзгорони тоҷик мебошанд, иштирок намуданд. Ҳамчунин дар фестивал кормандони маорифи узви ИДМ корҳои амалии худро ба намоиш гузошта, маҳорату малакаи худро ба якдигар нишон доданд, хабар медҳад мухбири АМИТ «Ховар».

 Фестивали мазкур дар доираи Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зери унвони «Фазои таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил- манбаи стратегии рушди устувор», ки дирӯз баргузор гардида буд, доир шуд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомозода зимни ифтитоҳи Фестивали мазкур иброз дошт, ки дар Тоҷикистон маориф соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб рафта, омӯзгор мақому манзалати воло ва ифтихорӣ дорад.

Дар идомаи сухан Вазири маориф ва илм вобаста ба нақши омӯзгор дар ҷомеа ибрози назар намуда, аз гуфтаи адиби барҷастаи рус Лев Толстой дар бораи муаллим иқтибос овард: «Омӯзгори асил дорои ду сифат аст: дониши васеъ ва дили бузург».

Дар Фестивали маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъд аз маросими ифтитоҳӣ  аз рӯйи номинаҳои «Муаллим», «Мураббӣ» ва «Равоншиносӣ» иштирокдорон оид ба таҷрибаи худ маърӯза пешниҳод намуданд.

Устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Бибиҳафиза Маҷидова иброз дошт, ки баргузории фестивали мазкур саривақтист, зеро дар замони муосир раванди таълиму тарбия  пайваста дар ҳоли тараққӣ қарор дорад.

Мавсуф зикр дошт, ки маҳз баргузории чунин чорабиниҳо имконият медиҳад, ки омӯзгорон аз якдигар таҷриба омӯзанд, то насли наврасро хуб таълим диҳанд. Зеро самти асосии фаъолияти омӯзгор- ин таълим додан, омӯзондан ва тарбия намудани насли соҳибмаърифату босавод мебошад.

Аз ҷониби иштирокдорон зикр шуд, ки вазифаи асосии омӯзгор  таълиму тарбияи дурусти насли наврас ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар таърихи инкишофи педагогика таълиму тарбияро дар ҷойи аввал гузоштаанд, зеро тавассути омӯзиш хонандаро бояд ба зиндагии мустақилона омода намоем.

Дар фарҷоми Фестивал ба иштирокчиён диплому сертификат тақдим гардид.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Октябрь 29, 2021 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад