Дар Ҳисор беҳтарин донандагони Кодекси андоз ғолиби озмуни шаҳрӣ гардиданд

Октябрь 18, 2021 14:58

ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор озмуни шаҳрии «Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа» ҷамъбаст гардида, 17 нафар ғолибон бо  Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки озмуни шаҳрии «Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа» дар асоси фармоиши Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қарори Раиси шаҳри Ҳисор бо мақсади тақвияти маданияти андозсупорандагон гузаронида шуд.

Озмун аз рӯи номинаҳои «Андоз аз нигоҳи наврасон», «Расми беҳтарин», «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардида, дар он шумораи зиёди кормандони нозироти андоз, соҳибкорон, донишҷўёни литсею коллеҷҳо ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи асосӣ ва умумӣ иштирок намуданд.

     Акс  аз мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри Ҳисор.

Октябрь 18, 2021 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад