Дар Кӯлоб Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ миёни бонувон баргузор шуд

Октябрь 20, 2021 12:13

ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15-18 октябр дар шаҳри Кӯлоб  бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ миёни бонувон (калонсолон) баргузор гардид, ки дастаи  бонувони чавгонбози шаҳри Хуҷанд дар даври ниҳоии он сазовори мақоми аввал гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Мусобиқаи мазкур ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, ҳадафи он дарёфти нафарони чавгонбоз  миёни ҷавонон ва шомил намудани онҳо ба дастаи мунтахаби мамлакат буд.

Чавгонбозӣ яке аз намудҳои варзиши миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза баҳри ташвиқу тарғиби он аз ҷониби кумита ва федератсияҳои дахлдор корҳои назаррас ба сомон расонида мешаванд.

Дар Тоҷикистон эҳёи чавгонбозиро ба солҳои 70-уми асри 20 рабт медиҳанд. Чавгонбозони тоҷик дар се спартакиада — солҳои 1979, 1983 ва 1987 ҷойи панҷум-шашумро ишғол кардаанд. Дар бораи дастаи чавгонбоздухтарони «Суғдиён»-и Тоҷикистон, ки он айём яке аз дастаҳои пурқуввати собиқ ИҶШС буд, соли 1987 «Тоҷикфилм» филми «Духтарон аз Суғдиён»-ро ба навор гирифт.

Айни ҳол дар мактабҳои варзишии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Муъминобод гурӯҳҳои писарона ва духтарона фаъолият доранд. Аз ҳисоби варзишгарони беҳтарин дастаи мунтахаби Тоҷикистон созмон дода шуда, аъзои он дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат мекунанд. Дастаи мунтахаби яккачини Тоҷикистон моҳи августи соли 2017 дар чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуда, миёни 7 даста мақоми панҷумро касб кард.

Абӯалӣ ибни Сино чавгонро як намуди хуби бозиҳои варзишӣ ҳисобида, гуфтааст: «Чавгонбозӣ ҳамчун машқи серҳаракати муфид барои табобати бисёр бемориҳо тавсия дода мешавад».

Чавгон бозии варзишии даставӣ буда, ҳар даста аз 11 нафар иборат мебошад. Бозӣ дар майдони махсуси андозааш 81 ба 50 метр доир шуда, давомнокии он 70 дақиқа аст, яъне он аз 2 қисми 35- дақиқагӣ бо танаффус иборат мебошад. Лавозимоти варзишие, ки дар бозӣ истифода мешаванд, чавгон ва тӯбча- гӯй мебошанд.

               Акс аз Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2021 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд