Дар шаҳри Кӯлоб маросими Рӯзи даъватшаванда доир гардид

Октябрь 1, 2021 13:30

КӮЛОБ, 01.10 2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб  маросими Рӯзи даъватшаванда баргузор шуд, ки зиёда аз 30 нафар  ҷавонони ихтиёран ба комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ҳозиршуда аз муоинаи тиббӣ гузашта, ба қисмҳои низомӣ равона карда шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Бино ба иттилои  комиссари ҳарбии шаҳри Кӯлоб Лоиқ Маҳмадиев, зиёда аз 30 нафар ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ омаданд ва  марҳила ба марҳила сафи онҳо зиёд мегардад. Барои ҷалб кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби раиси ҷамоат ва  бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб миёни  аҳолӣ вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, моҳияти хизмат ба ватан ба онҳо фаҳмонида шуд.

Натиҷаи ин аст, ки  муроҷиати ихтиёрии  ҷавонон барои рафтан ба сафи Артиши миллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар гардидааст.

Навдаъват, сокини шаҳри Кӯлоб Назаралӣ Назарзода гуфт, ки «ман бо ихтиёри худ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир гардидам ва мехоҳам ба ватанам содиқона хизмат намоям, чунки  хизмат ба Ватан қарзи ҳар ҷавон мебошад».

Сокини шаҳри Кӯлоб Расул Ҳамроев  мегӯяд, ки «мо шукри истиқлолияти имрӯзаи давлатро дорем, чунки дар фазои амн ва осоиштагӣ умр ба сар мебарем. Мо вазифадорем ба Ватани азизамон аз  сидқи  дил хизмат намоем, ҳамеша парчамбардори ин миллат бошем. Аз ин рӯ тасмим гирифтам бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ҳозир гардам ва дар қисми низомӣ хизмати аскариро адо намоям».

Падари наваскар Алихон Назаров гуфт, ки  «ду писари ман хизмати Артиши миллиро адо кардаанд ва инак сеюмаш низ ба хизмати ҳарбӣ равона мебошад. Ман имрӯз медонам шароит  дар қисмҳои низомӣ хуб ба роҳ монда шудааст ва фарзандони мо бо  рӯҳияи баланд хизмати ҳарбиро ба итмом расонида, вазифаи хешро дар ҳифзи ватан сарбаландони иҷро менамоянд».

Бо баргузории барномаи фарҳангӣ ва савту навои дилнишин  наваскарон ба қисмҳои низомӣ гусел карда шуданд.

 АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Октябрь 1, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад