«Фалак — дурри бебаҳои фарҳанги мардуми тоҷик». Таҳти чунин унвон дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таваҷҷуҳ ба мероси фарҳангии халқ, махсусан мероси ниёгон аз зумраи муқаддасоте маҳсуб мешавад, ки барои ҳар миллат ва ҷомеа арзишманду шоиста аст. Жанри адабии фалак аз зумраи ин муқаддасот ва арзиши милливу фарҳанги маънавии тоҷикон аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии давлат мақоми шоиста касб намуд. Ин матлабро муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода имрӯз зимни ҳамоиши фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Фалак- дурри бебаҳои фарҳанги мардуми тоҷик», ки бахшида ба Рӯзи фалак аз ҷониби шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари китобхона баргузор гардид, баён дошт.
Зикр шуд, ки бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 ҳамасола 10 октябр Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад.
Дар айни замон миёни мутахассисон ду намуди фалак маъмулу машҳур аст. Инҳо фалаки роғӣ ва даштӣ мебошанд. Фалаки роғӣ фалакест, ки бо ҳамоҳангии асбобҳои мусиқӣ иҷро мешавад, аммо фалаки даштӣ бе истифодаи асбоби созӣ суруда мешавад. Дар қатори онҳо имрӯз фалаки дарвозӣ, фалаки афғонӣ ва фалаки кӯҳистонӣ ҳам маъмул гаштаанд. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳар минтақа ин жанри мусиқӣ ба таври вижа тавлид ва иҷро мешудааст. Танҳо фалаки кӯҳистониро муҳаққиқон марбути ҳама мардуми манотиқи кишвар медонанд. Аслан фалак мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик мебошад, ки тӯли асрҳо ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа кардааст. Дар суруди фалак асосан, рубоӣ ва ё дубайтие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум бошад.
Декани факултети мусиқии суннатии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон Манучеҳр Бурҳонов зимни суҳбат бо мо гуфт, ки “мутахассисони ин жанр ҳамасола силсиланавъҳои гуногуни фалакро коркард ва манзури ҳаводорону мухлисони сершумори ин жанри маъруф мегардонанд, ки аз ҷониби мардум баҳои сазовор мегирад. Таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин навъи мусиқии сирф тоҷикӣ бештар гардидааст. Шумораи донишҷӯёне, ки ба Консерваторияи миллӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ба бахши фалак меоянд, аз талабот ё ҷойи муқарраргардида ба маротиб бештар аст”.
Ба андешаи Манучеҳр Бурҳонов, бо эълон гардидани Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, ки чанд сол инҷониб бо ташаббуси Пешвои миллат роҳандозӣ мешавад, нафароне, ки дар ин жанр баромад мекунанд, ҳам шумораашон зиёд аст ва ҳам садои зебо доранд, ки аз фаҳмишу дарки воло ва шавқу рағбати беандозаашон нисбат ба фалак дарак медиҳад.
Имрӯз дар махзани шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ садҳо маводи чопӣ, аудио ва видеоӣ роҷеъ ба фалак ҳифзу нигаҳдорӣ гардида, ба хонандагону дӯстдорони ин навъи мусиқӣ пешниҳод мегарданд.
Дар ҳамоиш масъулони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Ансанбли «Фалак»-и ба номи Одина Ҳошим ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуда, роҷеъ ба ин жанри мусиқии суннатии халқи тоҷик изҳори андеша намуданд.
Дар фарҷом ҳунармандони ансамбли “Фалак” суруд хонда, хотири ҳозиринро шод намуданд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»
Акс аз муаллиф








Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд






