Футболбозони ҷавони тоҷик бар дастаи мунтахаби Непал ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии даври дуюми Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Непал хеле ҷолиб баргузор гардида, бо натиҷаи 6:0 ба нафъи мизбонон- дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон ба анҷом расид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Шогирдони Мубин Эргашев ҳанӯз дар қисми аввали сабқат хуб бозӣ карда, бо голҳои Шервонӣ Мабатшоев, Шарафҷон Солеҳов ва Рустам Соиров ба танаффус баромаданд. Дар даври дуюми бозӣ футболбозони ҷавони тоҷик ба дарвозаи дастаи мунтахаби ҷавонони Непал боз се голи дигар зада, бо натиҷаи калони 6:0 пирӯз гардиданд. Пас аз ғалаба дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон бо касби 6 имтиёз садрнишини гурӯҳи «В» гардида, 31 октябр, соати 19:00, бо дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Эрон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии сеюмашро доир мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон бо касби 6 имтиёз ва таносуби тӯбҳо дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи «В» ҷой гирифтааст.
Марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Осиё-2022
Гурӯҳи «В» (бозии 2-юм)
«Тоҷикистон »(U-23 ) 6:0 «Непал» (U-23)
Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев 24′, Шарафҷон Солеҳов 32′, Рустам Соиров 39′, Муҳаммадалӣ Азизбоев 61′, Ваҳдат Ҳанонов 68′ (пен.), Эмомалӣ Аҳмадҷон 72′.
26 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола дар гурӯҳи «В» оғоз ёфта буд. Дар даври аввал дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бар дастаи мунтахаби ҷавонони Лубнон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Голи ягонаи рақобатро ҳимоятгари дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ваҳдат Ҳаннонов дар дақиқаи 87-ум ба нишон расонид. Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон ба дарвозаи дастаи мунтахаби ҷавонони Непал 4 голи беҷавоб зада буд.
Бозиҳои оянда:
Даври 2-юм
28 октябр (панҷшанбе)
16:00. Лубнон – Эрон 0:2
19:00. Непал – ТОҶИКИСТОН 0:6
Даври 3-юм
31 октябр (якшанбе)
16:00. Лубнон – Непал
19:00. Эрон – ТОҶИКИСТОН
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






