ФУТЗАЛ. Пагоҳ дастаҳои «Соро компания»-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд бо ҳам рақобат мекунанд

Октябрь 15, 2021 08:21

ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16-17 октябр ду бозии аввали силсилаи ниҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои «Соро компания»-и  шаҳри  Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри  Хуҷанд баргузор мешаванд, иттилоъ дод  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи футзали  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  ба ҳайси ғолиби марҳилаи аввали чемпионат ду бозии аввали даври ниҳоиро дар майдони худ мегузаронад. Рақобати дастаҳо дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози пойтахт соати 18:00 оғоз мегардад. Бар асоси низомномаи лига, бозиҳои финалии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон аз силсила то се ғалабаи яке аз дастаҳо баргузор мешаванд. Дар марҳилаи аввали мусобиқа дастаҳо ду вохӯрӣ баргузор намуданд, ки яке мусовӣ ва дуюм ба суди дастаи футзали  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  ба анҷом расида буд.

Дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  зери роҳбарии Пайрав Воҳидов талош дорад, то маротибаи сеюм чемпиони Тоҷикистон гардад. Дастаи  футзали   «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд  ба ҳайси чемпиони феълии мусобиқа барои ҳимояи унвони хеш талош мекунад. Айни ҳол дастаи футзали  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи ғолиб дар баробари унвони  чемпиони  Тоҷикистон ба даст овардан  инчунин соҳиби роҳхат ба Лигаи қаҳрамонҳои футзали Осиё дар соли 2022 мегардад.

                                       АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 15, 2021 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон муайян мегарданд
Эҳсони Панҷшанбе фаъолияти касбияшро дар Суперлигаи Узбекистон идома медиҳад
Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд