ХУД ВА НАЗДИКОНРО АЗ ЗУКОМ ЭҲТИЁТ КУНЕД! Беш аз 70%-и касалиҳои сироятиро бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ташкил медиҳанд

Октябрь 26, 2021 10:41

ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани мавсими сардӣ  бемориҳои шадиди роҳҳои нафас авҷ гирифта, теъдоди  гирифторони он меафзояд. Тибқи таҳлилҳои оморӣ, имрӯзҳо 70-75%-и бемориҳои сироятиро бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ташкил медиҳанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, оид ба сабабҳои асосии паҳншавии ин бемориҳо бо муовини директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе Абдулваҳоб Мадобидов  суҳбат намуд.

-Дар шароити иқлими Тоҷикистон бештар вируси бемории зуком (намуди А ва В) (парагрипп, аденовирусҳо) ва риновирусҳо мушоҳида карда мешаванд. Сабабҳои асосии паҳншавии ин бемориҳо, аз як тараф гардиши табиии ин намуди вирус дар табиат бошад, аз тарафи дигар, риояи нагардидани гигиенаи шахсӣ аз тарафи аҳолӣ мебошад,- зикр кард Абдулваҳоб Мадобидов.

Номбурда ёдовар шуд, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе  бемориҳои сироятии шадиди роҳҳои нафас зиёд ба қайд гирифта шуда, он  дар байни кўдакон, шахсони калонсол (аз 60 боло), занони ҳомила ва нафарони дорои бемориҳои музмин, ки иммунитети баданашон паст аст, зуд паҳн шуда, дар баъзе ҳолат вазнин мегузаранд.

-Давраи ниҳоии  ин бемориҳо аз 12 соат то 2-3 шабонарўз буда, аломатҳои асосии он ҳарорати баланд, дарди мушакҳо, сулфа, беҳолӣ ва бемадорӣ мебошад. Дар ҳолати  вазнин ҷараён гирифтан ин беморӣ ба оризаҳои  илтиҳоби шуш, илтиҳоби пардаи гўш  низ оварда мерасонад,- илова кард мавсуф.

Ҳамсуҳбати мо  таъкид намуд, ки «мутаассифона, дар аксар маврид шаҳрвандон ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла зуком ба мутахассисон, хусусан табибони оилавӣ муроҷиат накарда, ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд, ки ин ба оқибатҳои ногувор, яъне оризаҳои вазнин  оварда мерасонад. Бинобар ин тавсия дода мешавад, ки зимни пайдо гардидани аломатҳои бемории зуком шаҳрвандон ҳатман ба табибони маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Манбаи асосии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас шахси бемор маҳсуб шуда, роҳҳои гузариш ҳавогию қатрагӣ мебошанд. Шахси бемор вирусро ба муҳити атроф тавассути атса, сулфа, суханронӣ паҳн менамояд”.

Ба андешаи табибон, яке аз роҳҳои пешгирии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас- ин истифодаи  ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои серодам мебошад. Баъд аз  истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ (автобус, троллейбус, микроавтобус) дар хона ва  ҷои кор дастҳоро бо собун шустан лозим аст. Ҳавои ҳуҷраро иваз кардан ва фаршро бо латтаи нам­нок пок кардан муфид мебошад. Ҳарорати хонаро бояд муътадил нигоҳ дошт.

Бояд шахси бемор ҳангоми атса ва сулфа даҳонро бо рӯймолча ва ё оринҷ пӯшонад, зеро ин роҳ эҳтимоли паҳншавии  бемориро пешгирӣ менамояд.

Ҳамчунин обутоб додани бадан дар пешгирии бемориҳо нақши муҳим мебозад. Сайругашт дар ҳавои тоза, хоби бароҳат, пӯшидани либосҳои гарм  ва истироҳати бомеъёр эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳоро кам менамоянд. Барои баланд бардоштани масунияти  бадан  ҳар гуна афшура, мева ва сабзавоти тару тоза истеъмол намудан  хуб аст

Ёдовар мешавем, ки  бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар назди Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ озмоишгоҳи вирусологӣ бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст, ки   барои муайян намудани вирусҳои зуком  нигаронида шудааст.

Холисаи АСОМИДДИН,
                                                                                     АМИТ «Ховар»

 АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 26, 2021 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд