Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввалин шуда, нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд
ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввалин шуда, нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд. 27 октябр Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода ин «муждаи зафар»-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид, иттилоъ доданд аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».
26 октябр тавассути меҳнати фидокорона ба деҳқонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муяссар гардид, ки нақшаи истеҳсоли пахтаро барои соли 2021 иҷро намоянд. Ба хирмани Ватан 19 250 тонна пахта супорида шуд, ки ин ба 100,1 фоизи нақша баробар аст.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров калонтарин ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд буда, бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ кишоварзони ноҳия тавонистанд дар вилоят аввалин шуда, нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намоянд.
Ҳоло дар хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд ҷамъоварии ҳосил идома дошта, тибқи маълумоти фаврӣ, то 27 октябр 105170 тонна пахта чида шудааст, ки ба 80,4 фоизи нақша баробар мебошад.
АКС Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд






