Комил Боймуродов дар Мусобиқаи байналмилалии ҷиу-ҷитсу миёни дорандагони камарбанди сиёҳ унвони чемпиониро соҳиб гардид

Октябрь 7, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Комил Боймуродов дар мусобиқаи байналмилалии ҷиу-ҷитсу миёни дорандагони камарбанди сиёҳ мақоми аввалро касб карда, унвони  чемпиони  «New Breed Expert Champions Champion 2021»-ро соҳиб шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон.

Варзишгар тасвири пирӯзияшро аз тариқи саҳифаи худ дар «Instagram» нашр кард, ки дар он Комил Боймуродов дар саҳна Парчами давлатии Тоҷикистон ва камарбанди қаҳрамониро баланд мебардорад. Ин мусобиқа дар Майами баргузор шуд. Варзишгари тоҷик дар вазни 77 кило бар ҳама рақибонаш пирӯз шуд.

Ёдовар мешавем, ки Комил Боймуродов зиёда аз даҳ сол ба ин намуди варзиш машғул буда, дар чемпионати Осиё ва ҷаҳон бо намояндагӣ аз кишвар рақобат мекунад. Илова бар ин ӯ ба тарбияи шогирдон низ машғул аст, ки баъзеи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ ба натиҷаҳои бузург ноил шудаанд.

Комил Боймуродов дар 14-солагӣ ба гӯштин оғоз карда, аввал ба бокс ва кикбоксинг машғул шуда, сипас ба гӯштини озод гузашта, худро дар ҷудо ва самбои размӣ низ санҷидааст.

Октябрь 7, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд