Корманди Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-тафтишотии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори дастгоҳи алоқаи махсуси махфии зершуъбаи алоқаи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон Раҷабалӣ Дӯстов бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад.
«Дӯстов Раҷабалӣ Ҷумахонович дар вазифаи сардори дастгоҳи алоқаи махсуси махфии зершуъбаи алоқаи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати хизматӣ бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд «А» барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани бародараш 22000 сомонӣ талаб намудааст», — омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ Раҷабалӣ Дӯстов баъди бевосита талаб карда гирифтани маблағи 22000 сомонӣ аз шаҳрванд «А» дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, аз ӯ маблағи 22000 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта, гирифта шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Раҷабалӣ Дӯстов бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
АКС аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






