Кумакҳои башардӯстонаи Беларус дар ҳаҷми 40 тонна ба Тоҷикистон расиданд

Октябрь 25, 2021 13:01

ДУШАНБЕ, 25.10.2021 / АМИТ «Ховар» /. Беларус  ба Тоҷикистон дар шакли электрогенераторҳо, хаймаҳо, маводи ғизоӣ ва дорувориҳо кумак расонид,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маросими расмии супоридани 40 тонна бору маҳсулот 25 октябр бо ҳамоҳангии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Беларус доир гардид.

Бори башардӯстонаро ҳайати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Беларус бо сарварии ҷонишини вазир, генерал-майори хизмати дохилӣ Александр Худолеев ба Душанбе расонид.

Ҳайати Беларусро дар фурудгоҳи «Айнӣ» муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Сулаймон Исозода пешвоз гирифта, ба ҷониби Беларус барои кумак ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Зикр шуд, ки ҳамкорӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Беларус дар самти пешгирӣ ва рафъи пайомадҳои ҳолатҳои фавқулода баланд арзёбӣ мешавад.

АКСҲО : КҲФ ва МГ ҶТ

Октябрь 25, 2021 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»