Куштор ва қабрҳои умумие, ки «Толибон»* дар Панҷшер кандаанд: эътирофи сафир

Октябрь 11, 2021 18:18

ДУШАНБЕ, 11.10.2021/АМИТ «Ховар»/. Нерӯҳои «Толибон»* дар дараи Панҷшер ҳудуди 400 ғайринизомиро бидуни маҳкама ба шаҳодат расондаанд.  Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар (ДАР АКС) гуфт, аз қария (русто)-е, ки [зодгоҳи] ӯ ҳаст, ҷавононро бидуни маҳкамаву пурсиш ба тир баста карда, дар  қабрҳои дастаҷамъӣ (умумӣ) дафн кардаанд, навиштааст имрӯз  хабаргузории  давлатии иттилоотии Русия «Спутник».

«Танҳо аз ҳамин қарияе, ки ман зиндагӣ мекунам, дар як гудол (чоҳ) 13 ҷавонеро, ки ноновари хонаводаи худ буданд, пайдо карданд. [Ин ҷавонон] на силоҳ доштанд, на вориди ҷанг, балки дар мазрааи худ машғули киштукори тирамоҳӣ буданд. Инҳоро ба қатл расонданд. «Толибон»* ҳар рӯз эълон мекунад, ки авфи умумисту мо ба касе кор надорем», — гуфтааст Муҳаммад Зоҳири Ағбар.

Гузоришҳо дар бораи қатлҳо ва қабрҳои дастаҷамъӣ дар Панҷшер аз қабл низ дар ихтиёри Sputnik  қарор доштанд, — навиштааст хабаргузорӣ. Аз ҷумла ҷанозаҳои Фаҳими Даштӣ ва генерал Вадудхони Зарра, ки рӯзи 5 сентябр дар рустои Даштаки Панҷшер ба шаҳодат расиданд, пас аз ду рӯз аз як ҷарии қаламрави ин деҳа дар қатори чаҳор ҷасади дигар пайдо шуданд.

Ҳамзамон аз куштори умумии ҳудуди 50 сокини мулкии (ғайринизомии) рустоҳои Обдара, Поранда, Шоба, Париён ва ғайра низ гузориш расида буд, ки дар  чоҳҳо партофта шуда буданд. Аз ин ҳама қатлу кушторҳо танҳо ҷинояте, ки навори видеоияш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, маҳкамаи саҳроии як ҷавони низомипӯш буд.

Яке аз хешовандони ин ҷавон ба Sputnik гуфт, ки  ӯ Гулмир ном дошта, аз рустои Киромони вулусволии Дара буд.

«Гулмир аз сарбозони урдуи ҳукуматӣ буд. Вақте ҷанг дар Панҷшер тамом [гашт] ва «Толибон»* вориди дара шуданд, ӯ ба авфи умумии онҳо бовар карда, хост Кобул равад. Дар як таксӣ нишаста, равон буд, ки дар посгоҳи «Толибон»* дар Оноба аз мошин пойин [карда] шуда, ба шаҳодат расид. Ҷанозаи ӯро пас аз ҳашт рӯз дар қарибиҳои ҳамон посгоҳ аз як ҷарӣ пайдо кардем, ки [дар он ҷо] боз чанд ҷасади дигар ҳам буд», — гуфт ӯ.

Тавре Муҳаммад Зоҳир Ағбар афзудааст, зоҳиран [фақат як] қабри умумӣ дар рустои Бахшихели вулусволии Рухаи Панҷшер ҳаст, ки як ҳафта қабл кашф шуда буд. Ин танҳо  қабри  умумист, ки то алҳол расман таъйин ва санад шудааст.

Дар бораи бақияи қабрҳои  умумӣ дар саросари Панҷшер ҳоло ягон марҷаъи расмӣ сухан накардааст ва ин ҳам қабл аз ҳама ба хотири он аст, ки ин вилоят то ба ҳол таҳти назорати шадиди «Толибон»* қарор дорад ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ дар дараҳои фаръӣ паноҳ бурдаанд.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар як маросиме суҳбат мекард, ки ба хотири маҳкум кардани ҷиноёти «Толибон»*, аз ҷумла қатлҳои ом, қабристонҳои умумӣ ва ҳам ҳамлаҳои террористӣ бар намозгузорон дар вилоёти Кундузу* Кандаҳор ихтисос ёфта буд ва ширкаткунандагон онҳоро накӯҳиш намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори баррасии ҷиддии ин ҷиноёти ҷангӣ ва нақзи ошкори ҳуқуқи башар шуд[анд].

_____________________________

*«Толибон» — ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон

*Кундуз – дар қуруни вусто Куҳандиж, Кӯҳанздиз («Ман ба асли ҳар сухан рафтам беҳ аз чандин туе, Қундузеро, ки ту медонӣ, куҳандиз будааст». Лоиқ).

                                                           АКС: © Sputnik / Амир Исоев

Октябрь 11, 2021 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд