Муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба давраи зимистон омодаанд? Шарҳи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар ин бора

Октябрь 23, 2021 09:14

ДУШАНБЕ, 23.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Талаботи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 дар маҷмӯъ 53 ҳазору 825 тонна ангишт, 53 ҳазору 208 метри мураббаъ ҳезум ва 137 ҳазору 104 литр сӯзишвории дизелӣ муайян гардида, ба ҳолати 8 октябр 37 ҳазору 809,6 тонна ангишт, 26 ҳазору 456 метри мураббаъ ҳезум ва 24 ҳазору 650 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Ҳамчунин 1010 дегхона, 21 ҳазору 679 адад гармкунаки барқӣ ва 47 ҳазору 97 печи аловӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ омода карда шудаанд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба иттилои Эҳсони Хушбахт, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» дар муассисаҳои соҳаи маориф корҳои назаррас ба анҷом расонидааст.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи шаҳру ноҳияҳо, нақшаи захиранамоии маводи асосии гармидиҳӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе барзиёд иҷро гардида, дар вилояти Суғд низ захираи ангишту ҳезум пурра иҷро шуда, захираи сӯзишвории дизелӣ 79 фоизро ташкил медиҳад.

Вазъи  омодагӣ  ба зимистон махсусан дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нигаронкунанда буда, дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Дӯстӣ, Панҷ, Балҷувон, Ҳамадонӣ, Муъминобод ва Кӯлоб бо сабабҳои гуногун захираи маводи сӯхт ба таъхир афтодааст. Дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон захираи ангишт 55,4 фоиз, ҳезум 31 фоизро ташкил медиҳад.

Дар муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба давраи тирамоҳу зимистон 75 фоиз ангишт, 60 фоиз ҳезум захира карда шудааст. Маводи сӯзишвории дизелӣ вобаста ба талабот дар вақти муайян харидорӣ ва истифода карда мешавад.

Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ захираи ангишт 52 фоиз, ҳезум 42 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 13 фоизро ташкил медиҳад. Аммо дар шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт ва Лахш захираи маводи сӯхт ҳоло оғоз нагардидааст.

Дар муассисаҳои миёнаи умумии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ захираи маводи асосии гармидиҳӣ, аз ҷумла ангишт 58 фоиз, ҳезум 52 фоиз, сӯзишвории дизелӣ 39 фоиз, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ангишт 33 фоиз, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ ангишт  13 фоизро ташкил медиҳад.

Барои  гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 23 ҳазору 222 метри мураббаъ шишабандии дару тирезаҳои муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он ба ҳолати 8 октябр   95 фоиз иҷро шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 23, 2021 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд