НАМОЯНДАГИИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ ТАВСИЯ МЕДИҲАД: дар муҳоҷират ба сару либос ва муносибату рафтори худ аҳамияти ҷиддӣ диҳед!
ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар/. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо як тавсиянома ба муҳоҷирон муроҷиат намудааст, ки ба сару либос, мӯйлаб, риш, муносибат ва рафтори худ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, забон, таърих ва осори пурғановати халқи русро аз худ намуда, барои ташаккули ҷаҳонбинии худ талош намоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки шабакаҳои иҷтимоиро самаранок истифода бурда, аз тамошои ролику барномаҳои дорои хусусияти ифротиву иртиҷоӣ ва ғайриманфиат худдорӣ кунанд ва қиматтарин арзиши инсонӣ – вақти худро самаранок истифода намоянд.
«Намозро дар ҷойҳои ҷамъиятие, ки қонунгузории Федератсияи Русия муайян намудааст, адо намоед. Дар ҷойҳое, ки хондани намоз манъ карда шудааст, бояд дар он ҷой намоз нагузоред. Ҳамчунин дар ҳолатҳои берун аз кор аз китобхона, театр, намоишгоҳҳо, осорхонаҳо дидан намоед, забон, таърих ва осори пурғановати халқи русро аз худ намуда, барои ташаккули ҷаҳонбинии худ талош намоед»,- гуфта шудааст дар тавсиянома.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Русия фаъолият менамояд, мерасонад, ки дар ҳолати пайдо гардидани савол ва ё мушкилот метавонанд ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
АКС: Фейсбук/Людмила Мелниченко








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






