Ноҳияҳои Рашт ва Сангвор нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуданд
РАШТ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд. Ноҳияҳои Сангвор ва Рашт нақшаи даъвати ҳарбиро дар рӯзи аввал сад фоиз иҷро намуданд. Инчунин ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод ва Нуробод нақшаи даъвати ҳарбиро дар рӯзи аввал зиёда аз 90 фоиз иҷро карданд.
Дар ҳамоиш раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеа иштирок намуда, бо дуои нек наваскаронро гусел намуданд.
Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд гуфт, ки «ҳифзи Ватан- Модар муқаддас буда, қарзи шаҳрвандии ҳар сокини баномуси ин кишвар мебошад. Хушбахтона, сокинони ноҳияи Сангвор, махсусан ҷавонони синни даъватӣ ҳифзи марзу буми кишварро барои худ қарзи фарзандӣ дониста, имрӯз бо волидайни хеш дар чорабинии тантанавии Рӯзи даъватшаванда иштирок намуда, ба сафи Артиши миллӣ шомил гардида истодаанд. Мо ифтихор менамоем, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбия ёфта, бо дохил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ будан ба Ватан-Модар ва давлати худро нишон медиҳанд».
Дар ҳамоиши мазкур ба зиёда аз 60 нафар наваскароне, ки курси ронандагии ҶДММ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
Хушбахтона, дар ин маърака хизматчиёни давлатии навоҳии минтақаи Рашт, аз ҷумла раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод Назригул Шамсиева, раиси молияи ноҳияи Рашт Хурсанд Давлатёрзода ва дигарон бо масъулияти баланди инсонӣ барои намунаи ибрат гардидан фарзандони худро ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд.
Дилором Орифова, модари даъватшаванда Муҳаммадӣ Орифов аз ноҳияи Рашт иброз дошт, ки “вақте фарзандам дар хурдсолӣ ба мактаб рафт, бо ҳавас аз думболаш мерафтаму орзу мекардам, ки писарам калон шаваду чун бародаронам бо ифтихор ба хизмати Ватан равад ва дар назди хешу табор бо сари баланд гӯям, ки аскарбача дорам ва барояш тӯшаи роҳ омода кунам. Имрӯз ба мақсад расидам. Фарзандам мақсади маро амалӣ сохта, бо қалби лабрез аз муҳаббати ватандорӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад ва чун дигар ҷавонони сарбаланди тоҷик хизмати ҷавонмардияшро адо менамояд”.
Раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода гуфт, ки «ҷавонони ноҳияи Лахш ба мисли дигар ҷавонони навоҳии минтақаи Рашт дар натиҷаи тарбияи дуруст ва дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ дарк намуда, баҳри ҳифзи номусу шарафи ватандории хеш дар рӯзи якуми даъват бо омодагии ҷиддӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ шомил гардиданд. Аҳсан ба модароне, ки чунин ҷавонмардони бо нангу номус ва хештаншинос ба воя расонидаанд, ки онҳо имрӯз ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан-Модар роҳсипор гардида, бо ин ҷасораташон ҳамчун қаҳрамон барои наслҳои минбаъда мояи ифтихор мебошанд».
Дар маъракаи мазкур даъватшаванда аз ноҳияи Лахш Урозбек Орунов аз ҷавонони ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки «ҳамсолони ман аз саросари ҷумҳурӣ бояд аз хизмати ҳарбӣ наҳаросанд ва пайрави гузаштагони худ шуда, ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодии хеш омода бошанд».
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин карданд.
АКСҲО аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт













Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






