Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик ва ифтитоҳи Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббӣ» дар деҳоти Кангурт
ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи якчанд иншооти иҷтимоӣ, саноатӣ ва мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Роҳбарият ва мардуми меҳмоннавози ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Темурмалик бинои Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангуртро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Коллеҷи тиббӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур бо шакл ва тарҳи ҷолиб бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад. Муассиса имкони фарогирии 250 нафар донишҷӯро дорад.
Коллеҷи мазкур дорои 36 синфхонаи таълимиву лабораторӣ, 5 кафедра, 14 синфхона, 6 озмоишгоҳ, китобхона барои 30 ҷой, ошхона барои 60 ҷой ва инчунин толори маҷлисӣ барои 240 ҷойи нишаст мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии ҳудуди Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурт 10 ҳазор метри мураббаъ буда, масоҳати зери сохтмон 1125 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Кушодашавии бинои нави Муассисаи таълимии Коллеҷи тиббӣ боиси фараҳмандии хурду калони ноҳия гардид.
Татбиқи ташаббуси мазкур нишонаи возеҳи ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба илмомӯзии ҷавонон ва азхудкунии донишҳои муосир маънидод гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






