Омбудсмени Хорватия муроҷиати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Афғонистон дастгирӣ намуд
ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 13 сентябр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ҷиҳати вазъи имрӯзаи Афғонистон, хусусан пешгирии саривақтии вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва барқарорсозии он ба ваколатдорони ҳуқуқи инсони давлатҳои хориҷӣ муроҷиат намуда буд.
Дар робита ба ин ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатномаи Омбудсмени Ҷумҳурии Хорватия Тена Эйнвалтер ворид гардидааст.
Зимни он Тена Эйнвалтер баён доштааст, ки «муроҷиатномаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарафдорӣ намуда, мавқеи худро вобаста ба вазъи имрӯзаи Афғонистон дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, хусусан ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занон ва кӯдакон изҳор медорам».
Омбудсмени Ҷумҳурии Хорватия ҷиҳати тақвият додани ҳамкорӣ ба Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Аврупо, Шӯрои амният ва дигар сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат намуда, гуфтааст, ки барои таҳким бахшидан ба вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар амалисозии миссияи Комиссияи мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсони Афғонистон кумак расонида, фаъолият дар ин самтро назорат баранд.
Дар мурҷиатномаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон (омбудсменҳо) даъват ба амал оварда шуда буд, ки ҷиҳати пешгирии саривақтии вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва барқарорсозии онҳо дар ҳудуди Афғонистон бо ҳукуматҳои худ ва сохторҳои давлатии дахлдор ҳамкорӣ намуда, дар ҳалли масъалаи мазкур бетараф набошанд.
ДАР АКС: Тена Эйнвалтер. Акс аз манбаҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






