«ҶОМИ ТОМИРИС». Варзишгардухтарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ иштирок мекунанд

Октябрь 26, 2021 15:43

ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз   27  то  29 октябр  дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ миёни занон — «Ҷоми Томирис» баргузор мешавад, хабар дод намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

Дар мусобиқа ба ҷуз варзишгарони мизбон беш аз 50 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Украина ширкат хоҳанд кард.  Барои иштирок дар Мусобиқаи  байналмилалӣ   оид ба камонварӣ миёни занон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  се варзишгар ва як мураббӣ ба   шаҳри Самарқанди  Ҷумҳурии Узбекистон  сафарбар гардиданд.

Дар мусобиқа варзишгарони бомаҳорати   тоҷик- Фирӯза Зубайдова, Заронаи Фирӯз ва Мавзуна Азимова, инчунин мураббии ботаҷриба Майрам Кантаева ширкат мекунанд.

Хотиррасон  мешавем, ки  мусобиқаи мазкур дар масофаи 70 метр – даври олимпӣ ба таври инфиродӣ ва даставӣ сурат мегирад.

Акс аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Октябрь 26, 2021 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд