Овозхони операи Русия дар Душанбе консерти калони яккахонӣ барпо мекунад
ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарманди маъруф, овозхони операи Русия, лауреати озмунҳои байналмилалӣ Маргарита Мартинова дар Душанбе консерти яккахонӣ доир мекунад, хабар медиҳад Sputnik бо истинод ба дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Ба барномаи консертӣ асарҳои машҳури санъати ҷаҳонӣ бо муаллифии Чайковский, Верди, Пуччини, Ардитти, Гуно ва репертуари классикони тоҷик — Шаҳидӣ, Дӯстмуҳаммадов шомиланд.
Консерт дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор мешавад.
Дар барнома ҳамчунин Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сайфулло Юсупов, устодони саҳна Қурбон Зокиров, Хуршед Охунов, гурӯҳи хорӣ таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Елена Тиллоева ҳунарнамоӣ мекунанд.
Консерт 24 октябр, соати 17:00 баргузор мешавад. Билетҳоро аз кассаи театр ё сомонаи он харидан мумкин аст.
Қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ситораи балети ҷаҳон Фаррух Рӯзиматов аз Тоҷикистон боздид мекунад. Боздиди Ҳунарманди мардумии Русия ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ф.Рузиматов бо даъвати роҳбарияти Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ моҳи декабри соли равон сурат мегирад.
4 декабр дар театр нахустнамоиши балети «Садди оташ» баргузор мешавад, ки оҳангсози он Қудратулло Яҳёев аст. Шоми эҷодии Фаррух Рӯзиматов низ дар назар аст.
АКС аз манбаъҳои боз








«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик






