Пагоҳ дар Париж бузургтарин намоиши осори таърихии марбут ба ниёгони тоҷикон таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 12.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 13 октябр дар Музеи Гимей — Осорхонаи санъати Шарқи шаҳри Париж бузургтарин намоиши осори таърихии марбут ба ниёгони тоҷикон таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» оғоз мегардад, ки то 10 январи соли 2022 идома меёбад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев.
Дар Музеи Гимей — Осорхонаи санъати Шарқи шаҳри Париж 211 адад нигораҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон барои ифтитоҳи намоиш омода гардидаанд, ки тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Фаронса нишон дода мешавад.
Дар асоси талаботи соҳаи осорхонашиносӣ, ин миқдор осори таърихӣ, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Фаронса интиқол ёфтаанд, тамоми марҳилаҳои заруриро гузашта ва нигораҳо дар лавҳаю ҷойҳои муайяншудаи намоишгоҳ гузошта шудаанд. Ҷиҳати ба анҷом расонидани корҳои мазкур дар якҷоягӣ бо ҷониби мизбон аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ дар Ҷумҳурии Фаронса қарор дорад.
Ҳамчунин бо забонҳои гуногун филмҳои тоҷикӣ ва наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон омода карда шудаанд, ки дар ин намоиш манзури тамошобинон мегарданд.
Дар ин намоиши сатҳи баланд сарвати нодири таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик муаррифӣ карда мешавад. Зеро аз замонҳои қадим Тоҷикистон бинобар мавқеи стратегии худ дар масирҳои убур миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Чин, Ховари Миёна ва Аврупо дар шабакаҳои тиҷоратӣ мақоми марказиро ишғол кардааст.
Бозёфтҳои марбут ба пеш аз мелод, хусусан боқимондаҳои шаҳри бостонии Саразм (аввалин ёдгории кишвар, ки ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст) ба тамошобинони ин намоиш хотиррасон мекунанд, ки Тоҷикистон аз замонҳои пеш аз мелод (охири ҳазораи IV пеш аз мелод) як маркази бузурги тиҷорат ва маркази муҳими маъдангудозӣ будааст.
Тамошобинони намоиш имкон доранд тавассути нигораҳои намоишӣ ҷаҳони маънавии худро оид ба давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик, ба монанди давраи пеш аз мелод- «Оини зардуштӣ», «Империяи Ҳахоманишиҳо», «Давлати Юнону Бохтар» (боқимондаҳои маъбади Оксус аз ёдгории «Тахти Сангин» оид ба фарҳанги эллинӣ маълумот медиҳанд), «Империяи Кушониён» ва «Давлати Сосониён» ғанӣ гардонанд.
Бозёфтҳои ёдгориҳои «Панҷакенти қадим», «Кӯҳи Муғ» ва «Бунҷикат» дар навбати худ, аз шукуфоии минтақаи Суғд дар асри VIII шаҳодат медиҳанд. Инчунин онҳо инъикосгари нақши калидии тоҷирони суғдӣ миёни тоҷирони Осиё, ки дар Чин ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ зиндагӣ мекарданд, мебошанд.
Ҳамзамон осори бостонии ёдгориҳои «Аҷинатеппа» ва «Хишттеппа» ба тамошобинон нишон медиҳанд, ки чӣ гуна роҳибон дар шарқи ин кишвар тавассути роҳҳои тиҷоратӣ сафар карда, дини буддоиро паҳн кардаанд.
Намоишгоҳ бо таъсиси давлати Сомониён ва рушди соҳаҳои гуногун дар ин давра, ки бозёфтҳои ёдгориҳои Ҳулбук ва Сайёд ва ҳамчунин воҳиди пулӣ – сиккаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ба анҷом мерасад.
Хусусияти хоси намоиш дар он аст, ки осори ба тамошо гузошта аз ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфт гардидаанд.
То ба имрӯз ин бузургтарин намоиши Тоҷикистон аст, ки дар қитъаи Аврупо ба ҷаҳони Ғарб пешкаш мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Музеи Гимей — Осорхонаи санъати Шарқи шаҳри Париж охирҳои асри 19 аз ҷониби сарватманди саноатчӣ Эмил Гимет таъсис ёфтааст. Осорхона бори аввал соли 1879 дар шаҳри Лион кушода шуда, баъдтар ба Париж интиқол дода шуд. Дар осорхона яке аз бузургтарин нигораҳои Осиё ҷойгир гардидааст. Инчунин дар осорхона бисёр экспедитсия, аз ҷумла коллексияи хуби сафолини чинӣ ва ҷопонӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон


















ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид






