Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳангро дар ноҳияи Дӯстӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 28, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр Қасри боҳашамати фарҳангии ноҳияи Дӯстӣ, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории соҳибкорон ва шахсони ватандӯсту саховатпеша навсозӣ карда шудааст, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ расман ба истифода дода шуд.

Корҳои навсозӣ дар Қасри фарҳанг соли 2020 оғоз гардида, дар ин давра зиёда аз 40 нафар мутахассисон ба кори муваққатӣ ҷалб карда шуданд.

Бинои Қасри фарҳанг бо унсурҳои хоси миллӣ навсозӣ гардида, ба симои ноҳия ҳусни дигар зам намудааст.

Ҳангоми навсозии ин иншооти фарҳангӣ мутахассисон таваҷҷуҳи асосиро ба санъати хоси миллии меъморӣ равона намудаанд, ки қисми берунию даромадгоҳ ва даҳлези он басо зебою назаррабо ва диққатҷалбкунанда аст.

Бинои Қасри фарҳанг аз 2 ошёна иборат буда, дорои китобхона бо 8 ҳуҷра, мактаби мусиқии бачагонаи дорои 7 синфхона, толори консертӣ барои зиёда аз 300 ҷои нишаст, толори рақс, 10 утоқи корӣ барои кормандон ва ҷои нигоҳдории либос мебошад.

Дар фонди китобхона 24 ҳазор нусха адабиёти бадеиву соҳавӣ ва бачагона мавҷуд буда, дар он барои дӯстдорони каломи бадеъ шароити мусоид муҳайё мебошад.

Дар осорхона нигораҳои қадимаи давраҳои гуногуни таърихӣ ҳифзу нигоҳ дошта мешаванд, ки муаррифгари гузаштаи пурифтихори мардуми тамаддунофари тоҷик аст.

Маҷлисгоҳ бо зиëда аз 40 ҷои нишаст низ барои баргузории чорабиниҳои гуногун шароити мусоид дорад.

Саҳн ва роҳравҳои иншооти мазкур дар масоҳати 1800 метри мураббаъ навсозӣ гардида, инчунин ҷиҳати назаррабо нигоҳ доштани ҳудуди иншооти мазкур дар масоҳати 1200 метри мураббаъ бо шинонидани дарахтони ороишию сояафкан корҳои сабзу хуррамнамоӣ анҷом дода шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити корӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ баҳои баланд доданд.

Дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол бунёди иншооти фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат зиёд гардида, амалӣ кардани чунин тадбир дар баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги аҳолӣ ва ҳувияти миллии шаҳрвандон нақши муносиб мегузорад.

Ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар ноҳияи Дӯстӣ 28.10.2021

Октябрь 28, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд