Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Кӯдакистони «Зарзамин»-ро ба истифода доданд

Октябрь 7, 2021 10:12

ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактабии «Зарзамин»-ро ба истифода доданд.

Кӯдакистони мазкур бо фаъолияти чор гурӯҳ барои тарбияти 160 нафар кӯдак пешбинӣ гаштааст.

Иншоот аз 2 ошёна, гурӯҳҳо — хонаҳои алоҳидаи хоб ва машғулиятгузаронӣ, толорҳои мусиқӣ ва варзиш иборат аст.

Бо бунёди кӯдакистони “Зарзамин” 20 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуда, барои фаъолият мутахассисони баландихтисоси соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ ҷалб гардидаанд.

Раванди таълим дар муассиса асосан бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, ҳамзамон омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ба роҳ монда мешавад.

Бинои  кӯдакистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сифати баланд дар муддати хеле кӯтоҳ бунёд гардидааст.

Дар шафати бинои асосӣ ошхона, толори маҷлис ва суҳбаткадаҳои мавсимӣ, ҳавзи шиноварӣ мавҷуд буда, муассиса барои таъмини фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон ба шабакаи худии гармидиҳӣ пайваст гардидааст.

Муассиса бо таҷҳизот, кату рахти хоб, мизу курсиҳо, аёният ва дигар ашёи барои таълими томактабӣ зарурӣ муҷаҳҳазонида шудааст.

Мураббиёну мутахассисон, ҳайати методии кӯдакистон бо истифода аз тарзу усулҳои фаъоли таълим дар татбиқи нақшаву барномаҳои давлатии ба рушди таҳсилоти томактабӣ равонагашта нақши босазо мегузоранд.

Президенти мамлакат таъсису корандозии муассисаҳои томактабиро барои инкишофи кӯдакон муҳим арзёбӣ намуда, масъулинро барои боз ҳам зиёд намудани шумораи кӯдакистон, махсусан дар деҳот вазифадор намуданд.

Ифтитоҳи Кӯдакистони “Зарзамин” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 07.10.2021

Октябрь 7, 2021 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд