Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Дӯстӣ мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ аз таҳхона ва 2 ошёна иборат мебошад.
Масоҳати замини ҷудошуда барои бунёди иншоот 960 метри мураббаъ ва масоҳати зери сохтмон 485 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар таҳхонаи иншоот бахши бойгонӣ, китобхона, ҳуҷраҳои техникӣ, ҷои нигоҳдории таҷҳизоти барқӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудаанд.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюм 7 утоқи корӣ бо таҷҳизот ва лавозимот барои пешбурди фаъолият таъмин аст. Маҷлисгоҳи иншоот, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, дорои 60 ҷои нишаст мебошад. Дар баробари ба истифода додани иншооти мазкур бо ҳуҷраҳои барҳавои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир барои кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам омад ва дар ин замина сатҳу сифати корбарӣ низ беҳтар мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зикри он ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин иншооти замонавӣ беҳтарин туҳфа барои кормандон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни бузурги умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, масъулинро ба истифодаи самараноки имконият дар тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, бедор сохтани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии наврасону ҷавонон ва ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ ҳидоят намуданд.









Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд






