Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар ноҳияи Дӯстӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 28, 2021 09:08

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҳамчунин бинои маъмурии сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот бо сарфи беш аз 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,10 гектар бунёд шуда, аз ду ошёна иборат мебошад.

Корҳои сохтмониро давоми ду сол Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаридун-Д” бо ҷалби зиёда аз 40 сокини маҳаллӣ анҷом додааст. Зимни иҷрои корҳо талаботи соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ пурра риоя шудааст. Иншоот пурра бо истифода аз масолеҳи босифати ватанӣ бунёд гардидааст.

Бино дорои 9 утоқи барҳаво барои кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, филиали Муассисаи Давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Дӯстӣ мебошад.

Барои гузаронидани курсҳои омӯзишӣ 3 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, дӯзандагӣ, таъмиргари таҷҳизоти сантехникӣ ва асбоби рӯзгор бо ҳамаи шароит таъсис дода шудааст.  Маҷлисгоҳи бино дар ошёнаи дуюм ҷойгир буда, дорои 20 ҷои нишаст мебошад.

Маврид ба таъкид аст, ки қаблан кормандони соҳа дар утоқҳои хурд ва номусоид фаъолият менамуданд. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нав шароити созгори корӣ фароҳам омад. Ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти зарурии замонавӣ ва мизу курсӣ пурра таъмин мебошанд.

Кормандони соҳа иброз медоранд, ки дар чунин шароит имкон аст хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои босифат бунёд намудани иншоот изҳори сипос карда, кормандони соҳаро ба истифодаи самараноки имконият ҳидоят намуданд.

Атрофи бинои сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ бо гулу дарахтони ороишии ҳамешасабз зебо гардонида шудааст. Роҳравҳо дар масоҳати 800 метри мураббаъ пурра сафолакпӯш мебошанд. Тарҳи иншоот низ диққатҷалбкунанда буда, ба зебоии кӯчаи марказии ноҳия ҳусни тоза зам менамояд.

Ифтитоҳи бинои маъмурии сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Дӯстӣ 28.10.2021

Октябрь 28, 2021 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст