«СЕ ШОҲКОР». Романҳои оламшумули нависандагони машҳури ҷаҳонӣ бо забони тоҷикӣ нашр шуданд

Октябрь 17, 2021 08:52

ДУШАНБЕ, 17.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили муаррифии китоби тозанашри «Се шоҳкор», ки романҳои оламшумули нависандагони машҳури ҷаҳонӣ – «Шодравон Маттиа Паскал»-и Луиҷи Пиранделло, «Гетсбии муаззам»-и Френсис Скот Фитсҷералд ва «Гурги даштӣ»-и Ҳерман Ҳессеро дар тарҷумаи шоир, нависанда ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Салими Зарафшонфар дарбар гирифтааст, баргузор гардид. Дар ин маҳфил аҳли илму адаб ва алоқамандону дӯстдорони адабиёти ҷаҳон ширкат доштанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  Равшан Махсумзод дар бораи романҳои мазкур ва заҳмату кӯшиши тарҷумон дар баргардони он ба забони тоҷикӣ сухан гуфт. Мавсуф зикр кард, ки ин романҳо аз ҷумлаи асарҳои машҳуртарин ва серхонандатаринеанд, ки ба аксар забонҳои дунё тарҷума шудаанд.

«Тарҷумаи ин романҳо ба забони тоҷикӣ кори сангину душвор аст ва на ба ҳар тарҷумон муяссар мегардад. Аз ин хотир кори Салими Зарфшонфар шоистаи пазироӣ ва қадрдонии хос аст», — гуфт ӯ.

Зикр шуд, ки «Се шоҳкор» яке аз дастовардҳои муҳими тарҷумаи бадеии мо дар солҳои охир ба ҳисоб меравад.

Дар бораи хусусиятҳои тарҷумаи «Се шоҳкор» ва заҳмату кӯшиши тарҷумон адибону  адабиётшиносон  Кароматуллоҳи Мирзо, Ато Ҳамдам, Абдуғаффори Абдуҷаббор, Муртазо Зайниддинзода, Сироҷиддин Икромӣ, Абдураҳмон Абдуманнон ва дигарон изҳори назар карданд.

Дар фарҷом мудири бахши робитаҳои адабӣ ва тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  Абдуллоҳи Раҳнамо дар бораи тарҷума ва нашри китоби мавриди назар ва аҳамияти он сухан гуфт.

Мавриди зикр аст, ки фаъолияти тарҷумонии Салими Зарафшонфар чун фаъолияти шоириву носирии ӯ доманадор буда, хонандагони тоҷик аз тарҷумаҳои зиёди ӯ аз адабиёти дунё баҳравар шудаанд. То кунун аз сӯи ин адиби пуркору заҳматкаш асарҳои «Ҷейн Эйр»-и Шарлотта Бронте, «Гора»-и Р. Такур, «Дастпонаи ақиқнигин»-и А. Куприн, «Дӯсти Дилнавоз»-и Г. Д. Мопассан, «Саҳифаи муҳаббат»-и Э. Золя, «Марианна»-и П. Лагер Квист, «Обхези найсон»-и И. С. Тургенев, ҳикояҳои Акутагава, О. Генри ва дигар асарҳои мансуру манзум дар сатҳи баланд тарҷума шудаанд.

Октябрь 17, 2021 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад