Sputnik: Аврупо ба таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон машғул мешавад
ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Ҷозеп Боррел дар бораи таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба тавофуқ расиданд, навиштааст имрӯз агентии иттилоотии Русия Sputnik.
Иштироккунандагони музокироти дар Брюссел доиршуда таваҷҷуҳро ба таҳкими амният дар Афғонистон, Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказӣ равона намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷозеп Боррелл ба кӯшишҳои муштараки босамари ҷонибҳо дар ин самт, бахусус тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон таъкид карданд,-омадааст дар иттилоия.
Боррелл ишора намуд, ки ИА ба таҳкими робитаҳои минтақавӣ ҳавасманд аст. Рушди ҳамкорӣ яке аз мавзӯъҳои нишасти қарибулвуқӯи вазирони корҳои хориҷии G5+1 дар Душанбе мешавад.
Ба ғайр аз ин, иштирокчиёни чорабинӣ натиҷаҳои мусбати ҳамкорӣ дар бахши энергетикаро зикр намуданд.
«Барои таҳкими робитаҳо иҷрои созишномаи шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин пайвастани ҷумҳурӣ ба системаи имтиёзҳои гумрукӣ барои содирот ба Аврупо зарур аст», — хабар доданд аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Эмомалӣ Раҳмон ба ИА ва аъзои он барои дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи об изҳори сипос намуданд. Дар навбати худ, Боррелл ба нақши муҳими ҷониби Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об ва коҳиш додани пайомадҳои тағйирёбии иқлим баҳои баланд дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






