ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, шанбе, 296- умин рӯзи соли 2021 аст

Октябрь 23, 2021 08:00

23 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Хелсинки – пойтахти Финландия шуданд.

***

8 сол пеш,  23 октябри соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили 3000-солагии Ҳисор машварати корӣ доир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе дар Хонаи кино  ҳафтаи филмҳои Россия оғоз гардид.

23 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ.

 ***

Рӯзи кормандони реклама дар Россия.

РӮЙДОДҲО:

23 октябри соли 2013 дар кинотеатри «Ҷомӣ» ҳафтаи филмҳои полшагӣ кушода шуд.

***

23 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба доир гардид.

***

6 сол пеш, 23 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-амалии «Тартиби ҳуқуқии Тоҷикистон ва мамлакатҳои ИДМ: вазъ ва дурнамо» баргузор гардид.

***

23 октябри соли 2018 дар Душанбе машваратҳои 7-уми сиёсии дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Амрико баргузор гардиданд

***

23 октябри соли 1946 иҷлосияи нахустини СММ баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2000 бостоншиносони Чин осорхонаи мусиқиеро пайдо намуданд, ки он 2 ҳазор сол пеш дар замони сулолаи Хон сохта шуда буд.

***

23 октябри соли 1776 дар натиҷаи инфиҷори вулқони Майон (ҷазираи Лусон, Филиппин) 2000 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2000 олимони донишгоҳи Пенсилвания бактерияҳои қадимтаринеро кашф намуданд, ки қариб 250 миллион сол доштанд.

***

Соли 1814 дар Англия аввалин ҷарроҳии пластикӣ гузаронида шуд.

Октябрь 23, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш