ТАЪМИНОТИ БАРҚ МАҲДУД НАШУДААСТ. Шарҳи маркази матбуоти «Барқи тоҷик»

Октябрь 13, 2021 15:10

ДУШАНБЕ, 13.10.2021/АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи хабару овозаҳое, ки дар як қатор воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи гӯё ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли барқ паҳн мешаванд, ягон асос надоранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд.

«Дар давраи тайёрӣ ба зимистон ва омода намудани низоми энергетикии кишвар ба зимистон, аз ҷумла буридани шохаҳои дарахтон ва аз дигар монеаҳо озод намудани хатҳои интиқоли барқ, инчунин гузаронидани корҳои профилактикӣ дар зеристгоҳҳои хурду калон ва дигар таҷҳизоти интиқоли барқ дар баъзе қитъа ва ноҳияҳо дар соатҳои муаяйн имкон дорад, ки интиқоли барқ қатъ карда шавад. Хотиррасон менамоем, ки ин тадбир зарурист ва ҳар сол дар ибтидои зимистон гузаронда мешавад», — гуфта мешавад дар шарҳи маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» дар иртибот ба ин мавзуъ.

Дар маркази матбуоти шикати «Барқи тоҷик» ҳамчунин тазаккур доданд, ки  зимистон барои таъминоти барқ ҳамеша давраи фавқулодда аст. Вобаста ба афзудани талабот ба истифодаи барқ мушкилот низ зиёд мегардад. «Аз ин рӯ, аз муштариёни нерӯи барқ ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо хоҳиш мекунем, ки дар давраи зимистон ҳар қадар имкон доранд аз барқ сарфакорона истифода баранд. Ин ба манфиати ҳама ва ҳар кас аст», — омадааст дар шарҳи маркази матбуоти ширкат.

                                                        АКС аз бойгонии  АМИТ «Ховар»

Октябрь 13, 2021 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд