7 паҳлавони шинохтаи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Узбекистон иштирок мекунанд

Ноябрь 10, 2021 08:50

ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 14 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо сурат мегирад, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 7 паҳлавони шинохта  намояндагӣ хоҳанд кард. Ин нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо хоҳад буд, ки дар 7 вазн ғолибон муайян мешаванд, хабар дод ба  шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.

Ҳайати дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон оид ба самбо дар чемпионати ҷаҳон аз инҳо иборат аст:

 

  1. Акмалиддин Каримов (58кг)
  2. Хушқадам Хусравов (64кг)
  3. Муҳаммадисо Раҷабов (71 кг)
  4. Ҳамроз Раҷабов (79кг)
  5. Зафар Олимшоев (88кг)
  6. Фирдавс Насимзода (-98кг)
  7. Хуршед Маҷидов (+100кг)

Ёдовар  мешавем, ки  аз 5 то  8 ноябри соли 2020  Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни ҷавонон ва калонсолон  дар Сербистон баргузор шуда буд. Дар  он 4 варзишгари тоҷик иштирок карда, соҳиби медал шуданд.  Дар чемпионати соли гузашта  бо сабаби маҳдудияти сафар дар бисёр кишварҳо 400 варзишгар аз 30 давлат иштирок карданд.

Дар мусобиқаи ҷаҳонии самбои соли гузашта паҳлавони маъруфи ҷумҳурӣ Акмалиддин Каримов дар вазни -57кг медали нуқра ба даст овард. Ӯ нахуст рақибаш Нгуен Рубинро аз Франсия, баъдан Бектош Назарови узбекистонӣ ва Андрей Лашичуки украиниро мағлуб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Акмалиддин дар финал аз Владимир Гладкихи россиягӣ бо ҳисоби 0:1 ноком шуда, барои ҷойи дуюм бо медали нуқра сарфароз гашт.

Медалҳои биринҷиро Комроншоҳ Устопириён дар вазни-90 кг, Хушқадам Хусравов дар вазни-62 кг миёни мардҳо ва Самеъҷон Абдушукуров дар вазни-87 кг миёни ҷавонон сазовор шуданд.

Комроншоҳ дар даври аввал рақибаш Шокирӣ Ал-Ҳаюниро аз Марокаш шикаст дод. Вале баъдан аз қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон Сергей Рябови русиягӣ мағлуб гашт. Сипас, ӯ барои ҷойи сеюм бар Ярослав Давядчук аз Украина дастболо шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.

Хушқадам Хусравов дар даври аввал аз намояндаи Русия Александр Матаис мағлуб гардид. Ӯ баъдан дар қувваозмоиҳо барои ҷои сеюм Небойса Николичи сербӣ ва Фарҳод Абжалиеви қирғизистониро шикаст дода, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

                                                                                  АКС аз КМО Тоҷикистон

Ноябрь 10, 2021 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд