Академики Академияи илмҳои Русия даъват кард, ки аз ваксинатсиякунии кӯдакон бар зидди коронавирус даст кашанд
ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кӯдакон ба ваксинаи COVID-19 эҳтиёҷ надоранд, зеро онҳо қариб ки бемор намешаванд. Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора вирусолог ва микробиолог, роҳбари илмии Пажӯҳишгоҳи давлатии ваксинаҳо ва хунобаҳои ба номи Мечников, академик Виталий Зверев (ДАР АКС) дар мусоҳиба бо «Вечерний Москва» хабар додааст.
Ӯ хостори даст кашидан аз эмгузаронии кӯдакон дар Русия шудааст. «Кӯдаконро ором гузоштан лозим аст. Бале, кӯдакон бемор мешаванд ва мемиранд. Аммо ин гуна кӯдаконеро, ки мемиранд, тамоман аз ягон чиз эм кардан мумкин нест. Инҳо кӯдакони дорои «хроника»-и вазнин бо саломатии нохуб ҳастанд. Чунин кӯдаконро муҳофизат ва муолиҷаи дуруст бояд кард ”, — таъкид кард коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, худи сирояти коронавирус тағйир намеёбад, танҳо штаммҳои нави он пайдо мешаванд. Вай зикр кард, ки онҳо аз нусхаи аслӣ чандон фарқ намекунанд ва он ваксинаҳое, ки аллакай барои эмкунии калонсолон вуҷуд доранд, бояд бар зидди онҳо кумак кунанд. Мутахассис шарҳ дод, ки сирояти инсон ба таъсири мутақобилаи вирус бо ретсепторҳо алоқаманд аст. Аз сабаби он ки вирус ба ретсептор наздиктар мешавад, сироят тезтар паҳн мешавад ва барои рушди беморӣ ҳуҷайраҳои вирус камтар лозим аст. Аммо, тавре академики Академияи илмҳои Русия иброз дошт, кӯдакон шумораи ками ретсепторҳо доранд, бинобар ин, онҳо бо вирус камтар тамос мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон то ҳол масъалаи ваксинакунонии кӯдакон бар зидди коронавируси COVID-19 баррасӣ нашудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати бехатарии санитарию эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, тибқи талаботи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, масъалаи эмкунии кӯдакон бар зидди коронавирус танҳо пас аз эмкунии беш аз 60 дарсади аҳолии калонсол баррасӣ мешавад.
Ба гуфтаи Наврӯз Ҷафаров, то 1 ноябр 2 миллиону 700 ҳазору 548 нафар ё худ 46,4 фоизи аҳолии калонсоли мамлакат бар зидди коронавирус ваксина карда шудаанд.
Вояи дуюми ваксинаи COVID-19-ро то санаи зикршуда 2 миллиону 150 ҳазору 542 нафар ё 36,9 фоиз гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба ва мутақобилан судманди Чин ва Тоҷикистон чанд рӯз қабл қисмати навбатии ваксинаи зидди коронавирус вориди Душанбе шуд. Дар ин бора 9 ноябр Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар додааст. Дар маҷмӯъ Тоҷикистон 500 ҳазор воя ваксинаи CoronaVac-ро, ки ширкати «Sinovac Research & Development Co. Ltd.»-и Ҷумҳурии мардумии Чин истеҳсол кардааст, дарёфт намуд.
АКС аз манбаъҳои боз