Арабистони Саудӣ хостори таҳкими ҳамкории бонкӣ бо Тоҷикистон гардидааст
ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳияи лоиҳаи «Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии монетарии Подшоҳии Арабистони Саудӣ» дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдан дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз БМТ.
Дар мулоқот масъалаи вусъати имзои «Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди БМТ ва Воҳиди кашшофии молиявии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти мақомоти кашшофии молиявӣ вобаста ба муқовимат бар зидди софкории пул, маблағгузории терроризм ва ҷиноятҳои ба онҳо алоқаманд» баррасӣ гардиданд. Раиси БМТ ба дипломати саудӣ оид ба вазъи иқтисодии кишвар гуфт, ки новобаста аз пайомадҳои пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, Тоҷикистон тавонист тавассути андешидани тадбирҳо дар муддати начандон тӯлонӣ рушди воқеии иқтисодиётро таъмин намояд. Натиҷаҳои тадбирҳои андешида буд, ки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии (ММД) кишвар дар давраи январ-октябри соли 2021 78,9 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 9,0 фоизро ташкил намуд ва рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 банди фоизӣ зиёд мебошад.
«Дар баробари ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат дар кишвар шароити беҳтар фароҳам оварда шуд. Махсусан барои ҷалби сармоягузорӣ ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти бонкдорӣ, хусусан бонкдории исломӣ имконияти васеъ пешбинӣ шудааст. Аз ин лиҳоз, тақвияти ҳамкорӣ миёни бонкҳои марказӣ ва тиҷоратии ду кишвар ба манфиат хоҳад буд», гуфт Ҳоким Холиқзода.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдан аз фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар самти бартараф намудани пайомадҳои пандемия ва таъмини рушди иқтисодии кишвар тавсиф карда, иброз дошт, ки Подшоҳии Арабистони Саудӣ хоҳони тақвияти бештари муносибатҳои тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
«Шароите, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахши бонкдорӣ фароҳам оварда шудааст, қобили таваҷҷуҳ аст ва мо саъй менамоем, ки аз ин имконот барои ҷалби сармоягузорони Арабистон истифода намоем”,-зикр кард дипломатии саудӣ.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили мубодилаи иттилоот байни бонкҳои марказӣ, таҷриба ва бозомӯзии кормандони низоми бонкии ду кишвар ва рушди бозори суғурта матраҳ гарди. Мусоҳибон омодагии худро барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд ва равобити иқтисодиву тиҷоратӣ дар самти рушди низоми бонкӣ иброз намуданд.
Сафири Арабистони Саудӣ роҳбарияти БМТ-ро ҷиҳати боздид аз Бонки марказӣ ва шиносоии бештар бо низоми бонкӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ даъват намуд. Таклиф аз ҷониби Раиси БМТ бо хушнудӣ пазируфта шуд.
АКСҲО: БМТ










Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст






