БАРОИ ИМРӮЗ ВА ФАРДО. Нахустин Парчами давлатӣ, ки Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон онро бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсида буданд, дар Осорхонаи миллӣ ҳифз мешавад
ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Парчами давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон муаррифӣ, қабул ва тасдиқ гардида, онро Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсида, дар назди он сари таъзим фуруд оварда буданд, ҳамчун осори нодири таърихӣ мавриди ҳифз ва муаррифии шоиста қарор дорад.
Тавре сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Фирдавси Абдулҳамид ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, “ҳифз намудан ва ба экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон расонидани ин нигораи арзишманд таърихи хоси худро дорад. Матои Парчами нахустин бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ аз ҷониби корманди масъули Шӯрои Олии Тоҷикистон Калимулло Қодиров солҳои зиёд эҳтиёт ва ҳифз шуда, сипас дар санаи таҷлили 15 – умин солагарди Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.
Соли 2007 бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами нахустини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо гардид”.
Ҳоло «Парчами нахустини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти рақами осорхонавии КВ — 12823/2 дар экспозитсияи толори даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нигораи нодири таърихӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад. Парчами мазкур матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷой гирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Дарозии умумии парчами нахустин 145 см ва баландии он 85 см – ро ташкил медиҳад.
Парчами мазкур дар гӯшаи Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олӣ ба таври парафшон гузошта шуда, экспонати марказии гӯшаи мазкурро ташкил медиҳад. Дар атрофи Парчам аксҳо аз ҷараёни Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олӣ пешниҳод шудаанд, ки бо дидани онҳо мо аз ҷараёни Иҷлосияи мазкур беҳтар огоҳ мешавем.
24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддас ва давлати соҳибистиқлол таҷлил менамоянд. Парчами давлатӣ муаррифи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.
— Дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, бахусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ таърихи парчамдории ниёгони мо басо ҷолибу ҷаззоб зикр ёфта, доир ба «Дирафши Ковиён» маълумот оварда шудааст. Аз матни «Шоҳнома» бармеояд, ки ҳар як паҳлавони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштааст. Яъне дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддас шинохта шуда, ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо карданд.
Бахусус ниёгони мо Ҳахоманишиҳо (558-330 то милод) дар таърихи инсоният яке аз нахустин Империяро созмон додаанд, ки онҳо парчами хоси худро доштанд. Парчами онҳо ранги сурх дошт ва бо шилшилаҳои сурх, сафед, сабз оро дода шуда, дар мобайни он уқоби болҳояш кушода, тасвир шуда буд. Уқоб дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳамчун нишонаи қудрату тавоноӣ, қадимтарин рамзи ориёиҳо мебошад. Яъне парчами Ҳахоманишиҳо бо рангу тасвирҳои дар худ оварда шуда баёнгари Империяи неруманди замонро дорад.
Дар даврони Сосониён (224-651) шакли парчами ниёгони мо каме тағйир ёфта, дар қисми болои он парандаи заррин — мурғи ҳумо таҷассум ёфтааст, ки дар чангҳояш саққоҳои тиллоӣ дорад ва дар бахши мураббаи он қиматтарин сангҳо насб мегардиданд. Ҳамзамон дар ин давра парчам хурду мураббаъ гардида, онро чалипо — салиб ба чор бахш тақсим менамояд. Ҳоло намунаҳои дирафши Ҳахоманишиҳо ва Сосониён (шакли бозсозишуда) дар гӯшаи ёдгориҳои давраҳои мазкур дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.
Давлатҳои минбаъдаи ниёгони мо, ки дар сарзамини паҳновари Хуросон ва Мовароуннаҳр таъсис ёфта буданд, дар пайравӣ ба фарҳанги парчамдории ниёгон, ки албатта, решаҳои он ба умқи таърих мераванд, парчами хоси худро доштанд.
Хусусан даврони муосир дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард. Аз ҷумла, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ (9 сентябри соли 1991) мо ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи арзишҳои таърихиву фарҳангии деринаи миллат рӯ оварда, дар заминаи он рамзу муқаддасоти давлати соҳибистиқлоламонро таҳия ва қабул намудем. Яъне баробари эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тағйир ва қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам ба миён гузошта шуд. Ҳамин тавр озмуни беҳтарин Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар натиҷа ба кори комиссия зиёда аз 200 тарҳи парчаму нишон пешниҳод гардид. Ниҳоят Парчами давлатӣ бо се хати ранга (сурх, сафед, сабз) ва тоҷу ҳафт ситора- лоиҳаи таҳиянамудаи гурӯҳи рассомон бо роҳбарии Рассоми Халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев дар озмун беҳтарин парчам интихоб гардид.
24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.
Дар ҳама давру замон парчам ҳамчун рамзи муҳими давлатӣ барои муттаҳидсозии мардумон хизмат намудааст. Имрӯз ҳам Парчам барои мо нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ мебошад. Танҳо бо ин мақсад дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ гӯшаи доимоамалкунанда бо нигораи нодири таърихӣ– «Парчами нахустини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» созмон дода шудааст.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: Осорхонаи миллии Тоҷикистон