Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст бо ширкати швейтсариягии «Landgart AG» ҳамкорӣ ба роҳ монад

Ноябрь 18, 2021 10:15

ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати швейтсариягии «Landgart AG» зимни мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Директори минтақавӣ оид ба савдои ширкати «Landgart AG» хонум Муриел Шулер ва намояндаи тиҷоратии ин ширкат Томас Лиро дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ доданд аз БМТ ба АМИТ «Ховар».

Намояндагони ширкати «Landgart AG» доир ба паҳлуҳои фаъолияти ширкат, аз ҷумла оид ба хусусияти хоси раванди истеҳсоли коғази аълосифат, барориши пулҳои коғазӣ ва такмили унсурҳои ҳимоявии он, ҳамкорӣ бо бонкҳои марказии кишварҳои гуногун бо истифода аз рӯнамо маълумот манзур намуданд. Зикр шуд, ки ширкати Landgart AG» соли 1872 дар Швейтсария таъсис ёфта, асосан ба истеҳсоли коғазҳои аълосифат барои барориши пулҳои коғазӣ, коғазҳои қиматнок ва намудҳои дигари ҳуҷҷатҳо бо  истифода аз таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои муосири илмиву технологӣ машғул аст.

Ширкат бо бонкҳои марказии беш аз 50 давлати дунё, назири  Швейтсария, Қазоқистон, Камбоҷа, Малайзия ва Марокаш дар самти барориши пулҳои коғазӣ ва такмили унсурҳои ҳимоявии пул ҳамкорӣ дошта, яке аз афзалияти он истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.

Мусоҳибон инчунин масоили марбут ба ҳамкории минбаъдаи БМТ ва ширкати «Landgart AG»-ро матраҳ намуданд. Намояндагони ширкати «Landgart AG» Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзодаро  ҷиҳати боздид ва шиносоӣ бо фаъолияти ширкат ба қароргоҳи марказии «Landgart AG»- Швейтсария даъват намуданд.

    АКСҲО: БМТ

Ноябрь 18, 2021 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд