Дар Душанбе ҷараёни татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» баррасӣ шуд

Ноябрь 25, 2021 13:12

ДУШАНБЕ, 25.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷараёни амалишавии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва Нақшаи амали Стратегияи мазкур дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ баррасӣ шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар кори ҷаласа мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода, Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ Нурулло Саидов, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Нигорахон Ғаффорзода, Вазири маориф ва илм Маҳмадюсуф Имомзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Парвина Меликова ва дигар аъзои Шӯро иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иштирокчиёни маҷлис доир ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ҷиҳати фаъолгардонии нақши занон,  татбиқи принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занон ва фароҳам овардани имконияти баробар барои амалисозии он, таъмини намояндагии баробари мардон ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занон, ки ҳадафи асосии Стратегияро муайян менамоянд, изҳори назар намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки Стратегияи мазкур аз 11 боб ва 77 банд ва нақшаи амали он аз 8 боб, 27 банд ва 74 зербанд иборат мебошад.

Дар фарҷом доир ба масъалаҳои баррасигардидаи рӯзномаи маҷлис саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон моҳи апрели соли 1996 дар асоси Аҳдномаи ризоияти ҷамъиятӣ (9 марти соли 1996 ба тасвиб расидааст) созмон ёфта, ба он ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ташкилоти ғайридавлатӣ шомил мебошанд.

Ба Шӯро бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунанд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 25, 2021 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид