Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон ҳамоиш доир мешавад

Ноябрь 30, 2021 10:05

ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/.  3-4 декабр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон  бо иштироки намояндагони сохтору кумитаҳои дахлдори давлатӣ ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии маъюбон ҳамоиш доир мегардад. Мавзӯи имсолаи Рӯзи байналмилалии маъюбон  аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид «Роҳбарӣ ва иштироки шахсони маъюб дар роҳи ташкили ҷаҳони фарогир, дастрас ва устувор пас аз COVID-19» эълон гардидааст.

Тавре раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳамоиши мазкур  бо дастгирии Департамент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (United Nations Departament of Economic and Social Affairs (UNDESA)) баргузор шуда, мақсад аз он бори дигар баррасӣ ва муайян намудани ҷараёни амалишавии «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон»  мебошад.

Баъди ба имзо расидани Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз 27 феврали соли 2020 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» қабул шуд, ки ҳоло дар ҷараёни татбиқ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар тамоми дунё 3 декабр Рӯзи байналмилалии  маъюбон   таҷлил мегардад. Ҳадафи он — мусоидат ба ҳуқуқҳои маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи кулли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 30, 2021 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд