Дар Тоҷикистон нахустин Анҷумани тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея баргузор мегардад

Ноябрь 19, 2021 11:28

ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр дар шаҳри Душанбе Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раёсати ҷумҳурӣ дар Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» нахустин Анҷумани соҳибкорони доираҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро баргузор менамояд.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, анҷумани мазкур бо мақсади татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея оид ба таъсиси Шӯрои соҳибкорон, ки 29 июни соли 2020 байни палатаҳои кишварҳои Оиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ба имзо расида буд, инчунин густариши робитаҳои тиҷоратӣ миёни доираҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея гузаронида мешавад.

Ташкилкунандагони ҳамоиш Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидат ва ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Нахустин Форуми соҳибкорони «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» дар остонаи 14-умин Форуми ҳамкорӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея 30 ноябр ташкил карда мешавад.

Форуми мазкур ба минбари баррасии ҳамкории минбаъдаи тиҷоратӣ ва сармоягузории доираҳои соҳибкорӣ дар самтҳои афзалиятнок бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ табдил хоҳад ёфт. Инчунин Форум ба ҷалби соҳибкории хурду миёна ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла тиҷорати электронӣ, агробизнес, амнияти озуқаворӣ, рушди саноат, нақлиёт ва логистика, ҳамкории сармоягузорӣ бо мақсади рушди иқтидори содиротии кишварҳои иштирокчӣ нигаронида шуда, эҷоди шабакаи устувори ҳамкорӣ байни соҳибкорони Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад гардид.

АКС: ПСС ҶТ

Ноябрь 19, 2021 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид