Футболбозони навраси тоҷик дар Чемпионати CAFA-2021 мақоми дуюмро соҳиб шуданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни наврасони то 15-сола, ки аз 17 то 23 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, сазовори медали нуқра гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар даври сеюми чемпионат шогирдони Зайниддин Раҳимов бар ҳамсолонашон аз Узбекистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи ягонаро Масрур Ғафуров дар дақиқаи 58 ба нишон расонид.
Дар бозии дигар дастаи мунтахаби наврасони Эрон бар дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон бо ҳисоби калони 8:0 пирӯз гардид.
Ҳамин тариқ, дастаҳои мунтахаби наврасони Эрон ва Тоҷикистон 7-холӣ ба даст оварданд, вале аз рӯи таносуби тӯбҳо дастаи мунтахаби наврасони Эрон ҷои якум ва дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҷои дуюмро сазовор шуданд. Ҷои сеюм насиби дастаи мунтахаби наврасони Узбекистон гардид.
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд






