ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ СОҲИБКОР. Нақши бонувони тоҷир дар рушди иқтисоди Тоҷикистон назаррас аст
ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 19 ноябр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ ин сана бо баргузории форуму ҷаласаҳои муҳим, ки дар он фаъолияти соҳибкорзанон натиҷагирӣ шуда, мушкили кори онҳо баррасӣ мешавад, таҷлил мегардад. Аз ҷумла, имрӯз, 19 ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Воситаҳои муосири рушди соҳибкории занон» Форуми соҳибкорзанон баргузор шуда, дар он дастовардҳои фаъолияти бонувони соҳибкор ва роҳҳои ҳалли мушкилоти дастрасии онҳо ба сарчашмаҳои молиявӣ мавриди баррасии мақомоти дахлдор қарор дода мешавад.
Давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии давлатии занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо диққати махсус равона гардида, пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ин неруи созанда ва қишри фаъоли ҷомеа барои рушди устувори мамлакат сафарбар карда шавад. Тавассути дастгириҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ҳиссаи фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар дар ҳоли афзоиш аст. Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии занони ҳунарманду эҷодкор пайваста тадбирҳои ҳадафманд андешида мешаванд.
Ба андешаи корманди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Барзудӣ, бо мақсади дастгирии занон якчанд барнома ва стротегияҳои давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқии имконияти баробари занони Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла, масъалаи мазкур дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дарҷ гардидааст, ки заминаи ҳуқуқии дастгирии соҳибкории занону духтаронро дар мамлакат устувор мегардонад.
Ба иттилои Манзура Барзудӣ, ба ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ шумораи бонувони соҳибкор дар ҷумҳурӣ ба зиёда аз 79 ҳазор расидааст, ки зиёда аз 24 фоизи субъектҳои соҳибкории мамлакатро ташкил медиҳад. Ба корхонаҳои хурду миёна, ки роҳбаронашон занону духтаронанд, тақрибан 12 фоизи корхонаҳои кишвар рост меоянд.
Ҷиҳати мусоидати бештар ба дастгирӣ, рушди соҳибкории бонувон ва баррасии масъалаҳои рушди соҳибкорӣ миёни бонувон дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон ташкил гардидааст. Ба гуфтаи корманди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақсади фаъолияти гурӯҳи байниидоравӣ мусоидат ба дастгирии баробар ба захираҳои молиявӣ тавассути қарздиҳӣ, рушди соҳбикории ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуд тавассути тақвияти механизмҳои ҳамкории давлату бахши хусусӣ ва таъмини муколамаи озод миёни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла миёни бонувон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии ҳукумат маҳсуб мешавад.
Ҳамасола грантҳои Президентӣ ба занони соҳибкор барои пешбурди фаъолияти самаранок ва амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ пешниҳод карда мешаванд. Бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ Муассисаи давлатии фонди дастгирии соҳибкорӣ, ки айни ҳол ба Бонки саноатӣ-содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» тадбил дода шудааст, ба соҳибкории бонувон аҳамияти хосса медиҳад.
Зимни суҳбат корманди КВД «Саноатсодиротбонк» Иномҷон Мирзоҳомидзода изҳор дошт, ки «самти афзалиятноки фаъолияти бонк дастгирии корхонаҳои навтаъсис, корхонаҳои амалкунанда ва соҳибкорони инфиродиест, ки ба истеҳсол, банду баст ва содироти маҳсулот машғуланд». Ӯ гуфт, аз оғози фаъолият то кунун аз тарафи бонк беш аз 40 лоиҳаи бонувони соҳибкор ба маблағи беш аз 35 млн. сомонӣ сармоягузорӣ карда шудааст. Мавсуф изҳор дошт, ки моҳҳои июн-августи соли ҷорӣ аз ҷониби бонк ба соҳибкорзанон қарзҳои имтиёзноки тахфифӣ пешниҳод гардиданд. Дар маҷмӯъ, аз оғози сол то ба имрӯз ба соҳибкорзаноне, ки фаъолияти худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба роҳ мондаанд, ба маблағи зиёда аз 11 млн. сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод карда шудаанд.
Тӯли се сол мешавад, ки дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои соҳибкорзанон фаъолият карда, дар муттаҳид намудану дастгирии соҳибкорзанон ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда тадбирҳо меандешанд. Ба Шӯрои мазкур айни замон зиёда аз 30 соҳибкорбонуи ҷумҳурӣ аъзо мебошанд. Манзура Ғафурова аз ҷумлаи соҳибкорзаноне мебошад, ки дар шаҳри Ваҳдат ва Спитамен Маркази ташхисию табобатии «Шафқат»-ро боз намуда, зиёда аз 30 нафарро бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин намудааст. Ӯ гуфт, самти фаъолияти маркази онҳо ба хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ нигаронида шуда, бо таваҷҷуҳ ба он ки арзишу сифати хизматрасонии тиббии «Шафқат» нисбатан арзону беҳтар аст, муроҷиати мардум ба онҳо бештар мебошад.
Мавсуф мегӯяд, ки узви Шӯрои соҳибкорзанони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ният дорад тавассути дастгирии давлатӣ фаъолияти соҳибкории худро равнақ бахшад. Мавсуф саҳми Шӯрои соҳибкорзанони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди фаъолияташ муҳим арзёбӣ намуд.
Иқтисодшиноси тоҷик Собир Вазиров мегӯяд, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ соҳибкорон ба зану мард ва гурӯҳҳои гуногун ҷудо карда намешаванд, балки онҳо ба соҳибкорони хурд, миёна ва калон тақсим мешаванд. «Ин таҷрибаи ҷаҳонист, зеро аз назари мантиқ ва адолати иҷтимоию сиёсӣ соҳибкори хурд новобаста ба он ки зан аст ё мард, ба дастгирӣ ниёз дорад»,- гуфт Собир Вазиров. Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, дар таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз нуқтаи назари сиёсати иқтисодӣ, молиявӣ ва фискалӣ чунин механизм, яъне соҳибкории хурд, соҳибкории миёна ва калон пешбинӣ карда шудааст. Барои соҳибкории хурд низомҳои ҷудогонаи андозбандӣ ва дастгирии молиявии қарзӣ пешбинӣ карда мешаванд.
«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи хубе мавҷуд аст, ки барои соҳибкорзанони нав ба кор шурӯъкунанда барои амалӣ намудани ин ё он тиҷораташон қарзу грантҳои имтиёзнок пешбинӣ мешаванд. Ҳамзамон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти ҳунарҳои мардумӣ, ки аксаран аз ҷониби занон манзур мешаванд, озод кардан аз ҳама намуди андозҳо пешбинӣ шудааст»,- изҳор дошт иқтисодшинос Собир Вазиров.
Давлатбӣ Ёдгорова аз зумраи соҳибкорзаноне мебошад, ки маҳсулоти ҳунарҳои мардумии халқи тоҷикро омода ва пешкаши харидорон мегардонад. Мавсуф зимни суҳбат бо мо гуфт, ки дар марказе, ки зери роҳбарии ӯ таъсис дода шудааст, маҳсулоти дастдӯз ва босифати занони хонанишин ҷамъоварӣ ва ба намоишгоҳҳо равона карда мешавад. Ӯ мегӯяд, ба занони соҳибҳунари хонанишин ҷиҳати омода кардани маҳсулоти ҳунармандӣ, ки талабот ба онҳо дар бозори дохилу хориҷӣ бештар аст, дархост пешниҳод мекунад. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки борҳо дар намоишгоҳҳои сатҳи баланд ширкат намуда, маҳсулоти ҳунармандии миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд.
Бемории коронавирус ба фаъолияти ҳунармандон бетаъсир намонд. Тавре Давлатбӣ Ёдгорова изҳор дошт, дар давраи паҳншавии ин беморӣ фаъолияти онҳо ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шуд, ҳарчанд дар ин давра онҳо ба омӯзишу такмили ҳунари хеш машғул буданд. Нуқтаи фурӯши маҳсулоти асили ин ҳунармандон дар бозори Панҷшери пойтахт (паҳлӯи бозори Саховати ноҳияи Фирдавсӣ) фаъолият мекунад.
Давлатбӣ Ёдгорова аз масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хоҳиш намуд, ки фаълияти он ҳунармандони асиле, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳ ба маҳсулоти онҳо дар бозор зиёд асту дар фестивалҳо иштирок мекунанд, дастгирӣ ёфта, аз андоз озод карда шаванд. Ӯ мегӯяд, ки дорои 40 ҳунар мебошад ва дар сурати дастгирӣ ёфтан омода аст дар пойтахт маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ боз намуда, ба ин васила дар соҳибҳунарӣ ва бо шуғли муносиб таъмин намудани занону бонувон саҳми муносиб гузорад.
Таҳлилгари бахши хусусии котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Сафарбии Файз иттилоъ дод, ки ба мушкилиҳои мазкур дар Форуми соҳибкорзанон, ки имрӯз таҳти унвони «Воситаҳои муосири рушди соҳибкории занон» баргузор мегардад, дахл карда шуда, роҳҳои ҳалли мушкилоти дастрасии соҳибкорзанон ба сарчашмаҳои молиявӣ мавриди баррасии мақомоти дахлдор қарор дода мешавад.
Дар назар аст, ки имрӯз зимни баргузории Форуми соҳибкорзанон оид ба воситаҳои муосири рушди соҳибкорӣ мушкилоти мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳод мешаванд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз