«ИН ҶАҲОНРО НИГАР БА ЧАШМИ ХИРАД…». Губернатори вилояти Омск зимни ифтитоҳи Анҷумани ҷавонони «Русия – минтақаи Осиёи Марказӣ» абёти Рӯдакиро мисол овард
ДУШАНБЕ, 17.11.2021/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 100 ширкаткунанда аз 11 минтақаи Русия ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Омск дар Форуми сарварони ҷавони Русия ва Осиёи Марказӣ, ки имрӯз, 17 ноябр ифтитоҳ ёфт, мушкилоти мубориза бо пандемияи коронавирус, масъалаҳои экологӣ ва урбанизатсияро баррасӣ мекунанд.
Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН дар ин бора.
«Ин форум бори аввал дар қаламрави Федератсияи Русия бо ширкати ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Инҳо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошанд. <…> Анҷумани мо дар се самт гузаронида мешавад: самти аввал мавзӯъҳои шаҳрнишинӣ (урбанизатисия) ва ободонӣ, самти дуюм – таҷрибаи созмонҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ дар мубориза бо пандемияи коронавирус, смамти сеюм – нақши ҷавонон дар ҳифзи муҳити зист», — гуфт узви Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай, узви Шӯрои нозирони дафтари лоиҳаи Русия ва Осиёи Марказӣ Татяна Селиверстова дар маросими ифтитоҳ.
Ба гуфтаи губернатори вилояти Омск Александр Бурков, Омскро дарвозаи Осиёи Марказӣ меноманд. «Ҳамкорӣ бо тамоми давлатҳои ин минтақа барои мо аз ҷиҳати стратегӣ муҳим аст, мо онро қадр мекунем ва ба рушди минбаъдаи он манфиатдорем. Барои ин муҳим аст, ки анъанаҳои шарикӣ аз насл ба насл гузаранд», — гуфт ӯ.
Александр Бурков расман форумро бо суханронии видео-онлайнӣ ифтитоҳ намуд.
«Таърихи муносибатҳо байни кишварҳои мо ба садсолаҳо мепайвандад. Ва анҷумани имрӯза ҳамкории ҷавонони моро таҳким мебахшад. Шоир ва донишманди тоҷику форс Рӯдакӣ ба таври образнок ҷаҳонро дарё номидааст. Барои шино кардан дар он, гуфтааст ӯ, мебояд аз корҳои хайр киштие сохт. Ман чунин мешуморам, ки ин форум, ки сарварони ҷавони шаш давлатро ба ҳам гирд овардааст, барои сохтани чунин киштӣ майдони олӣ мебошад. Шумо фаъол, барои муколама омода дорои иқтидори инноватсионӣ ҳастед. Бо саъю кӯшиши якҷояи шумо ташаббусҳои пешқадаме ба амал бароварда мешаванд, ки ҳаёти шаҳрвандони моро боз ҳам беҳтар менамоянд. Боварӣ дорам, ки дар чаҳорчӯби форум тавофуқҳое ҳосил хоҳанд шуд, ки ба сарнавишти ҳамкории Русия ва минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири мусбат мерасонанд», — иброз намуд губернатор.
Дар омади гап, дар шеъри асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, ки барҳақ ӯро Одамушшуаро меноманд, чунин омадааст:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм к-андар ӯ нигарӣ,
Ҳамчу дарёст, в-аз накӯкорӣ
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
Форуми сарварони ҷавони Русия ва Осиёи Марказӣ аз 16 то 19 ноябр идома хоҳад ёфт. Дар он 10 нафар намояндагони ҷавонони тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ширкат доранд.
РӮЙХАТИ
иштироккунандагони Форуми сарварони ҷавон«Русия — минтақаи Осиёи Марказӣ»аз Тоҷикистон
| № | Ном, насаб ва номи падар | Донишгоҳ |
| 1. | Ашуров Ашуралӣ Муродович | Донишгоҳи технологии Русия |
| 2. | Ҳофизов Кароматулло Ҳаётуллоевич | Донишгоҳи миллии технологии тадқиқотӣ |
| 3. | Аҳмадалиев Аҳмадҷон Акмалҷонович | Донишгоҳи давлатии политехникии Москва |
| 4. | Маҳмудова Мавзуна Ҳотамовна | Донишгоҳи технологии Русия |
| 5. | Ахунова Фараҳноз Фозилҷоновна | Донишгоҳи давлатии геологию ҷустуҷӯии Русия ба номи Серго Орҷоникидзе |
| 6. | Абдуҳамедова Ясминахон Бунёдҷоновна | Якумин Донишгоҳи давлатии тиббии Москва ба номи Сеченов |
| 7. | Мирбаракаев Давлат Зафарович | Донишгоҳи давлатии политехникии Москва |
| 8. | Бозоров Шаҳзод Зарифович | Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия |
| 9. | Ҷамолов Абдумалик Манонович | Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия |
| 10. | Оқилова Нилуфар Баҳодуровна | Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия |
АКСҲО: маркази матбуоти вилояти Омски Федератсияи Русия/АМИТ «Ховар»










Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






