Истифодаи нодурусти доруҳои зиддимикробӣ ба саломатии аҳолӣ хатар дорад,- бардошт аз ҳамоиш

Ноябрь 19, 2021 15:25

ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҳафтаи ҷаҳонии истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ ҳамоиш доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Хадамоти назорати давлатии  тиббӣ, Маркази шаҳрии ташаккули тарзи хаёти солим  ва хабарнигорон иштирок намуданд.

Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ,  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров иброз дошт, ки мушкилоти устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи ҳифзи  саломатии аҳолӣ ва инчунин соҳаи кишоварзӣ  ба шумор меравад. Антибиотик дар соҳаи байторӣ низ васеъ истифода карда мешавад. Агар он танзими муайян надошта бошад, ҳассосияти худро гум мекунад.

“Истифодаи нодурусти доруҳои зиддимикробӣ барои саломатии аҳолӣ хатар дорад. Зеро бе тавсияи духтур истифодаи  антибиотикҳо устувории зиддимикробиро метезонад.

-Сироятҳое, ки аз микробҳои ба антибиотикҳо устувор ба вуҷуд омадаанд, дорои хусусияти  мураккаб буда, табобаташон душвор аст, — гуфт Наврӯз Ҷафаров.

Ба зикри директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Парвина Мухторова, пеш аз истеъмоли доруҳои зиддимикробӣ бояд ҳатман бо табибон маслиҳат намуд. Зеро на ҳамаи сироятҳоро бо доруҳои зиддимикробӣ табобат кардан мумкин аст.

-Бояд гуфт, ки сироятҳои вирусӣ, ба монанди зуком бо антибиотикҳо табобат намешаванд. Аз ин рӯ пешгирии бемориҳои сироятӣ метавонад зарурати истифодаи доруҳои зиддимикробиро паст карда, паҳншавии тобовариро ба онҳо нигоҳ дорад. Риояи қоидаҳои одитарини гигиенӣ аз роҳҳои пурсамари кам кардани хавфи сироят маҳсуб мешавад,- гуфт директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”.

Ба андешаи намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадичамо Бойматова, доруҳои зиддимикробӣ на ҳамеша мувофиқу муносиб ба шумор мераванд. Истифодаи ғайриоқилонаи доруҳои зиддимикробӣ метавонад дар бактерияҳо тобовариро ба амал орад. Пас мебояд пеш аз истеъмоли антибиотикҳо ҳатман бо духтур маслиҳат кард.

Бояд зикр намуд, ки  баргузории Ҳафтаи ҷаҳонии истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ  ба баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар сатҳи миллӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳаи тиб ва таъмини дастрасии ҷомеа ба иттилооти дахлдори босифат оид ба доруҳои зиддимикробӣ ва истифодаи онҳо мусоидат менамояд.

Антибиотикҳо дар байни аҳолӣ бисъёр паҳншуда мебошанд. Аз ин рӯ ҳангоми табобати кӯдакон, занҳои ҳомила ва ширмакон истеъмоли доруҳои зиддимикробӣ тавсия дода намешавад. Зеро антибиотикҳо ба ҷанин ва кӯдак таъсири заҳрнокӣ мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳафтаи аврупоии истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ то 30 ноябр идома ёфта, дар доираи он баргузории ҳамоишҳои  омӯзишӣ дар муассисаҳои тандурустии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои  Суғду Хатлон ва ноҳияи Рашт дар назар аст.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 19, 2021 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Дар Бадахшон даври вилоятии озмун ҷамъбаст гардид
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ! Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои истифодаи онро риоя намоед
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳо равона шудааст
Форум оид ба натиҷаҳо ва устувории «Барномаи рушди тандурустӣ барои солҳои 2021-2025» доир карда шуд
Ба ифтихори Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — АМАЛИСОЗАНДАИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ. Аз таъсиси он 31 сол сипарӣ гардид
ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН — АРЗИШИ ОЛӢ. Бардошт аз ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон
Дар Шаҳринав дар мавзуи ваҳдату ҳамгироӣ ва дӯстии халқу миллатҳо вохӯрӣ доир шуд
Бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми зимистон 1-2 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҷаласаи панҷуми Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ иштирок намуд