Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навин беҳамто мебошад

Ноябрь 6, 2021 09:52

ДУШАНБЕ, 06.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар Суди конститутсионии мамлакат бахшида ба Рўзи Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони  «Нақши  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули низоми қонунгузории миллӣ» ҳамоиш тантанавӣ доир гардид, ки дар он судяҳо ва кормандони дастгоҳи он иштирок намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Раиси Суди конститутсионӣ Абдулҳафиз Ашурзода иброз намуд, ки 27 сол му­қад­дам халқи Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи даврони соҳибистиқлолро қабул намуда, оромонҳои гузаштагони худро амалӣ намуданд.

Мавсуф зикр намуд, ки нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навин беҳамто буда, он ҳамчун санади олии сиёсию ҳуқуқӣ ва ҳуҷ­ҷати муҳими сарнавиштсоз таҷассумгари ғояҳо ва арзишҳои миллии мо мебошад.

«Ин санад барои эҳёи таъриху маданияти миллати тоҷик нақши му­ҳим гузошт. Руҳияи идонаю ифтихори миллӣ ва пос доштани асолати гу­заштагон, арҷгузорӣ ба фарҳанги неки аҷдодон, сарҷамъии мардум дар фа­зои осоиштаи Ватан аз санади сарнавиштсоз будани Конститутсия шаҳодат медиҳад»,- афзуд Ашурзода.

Ба андешаи Раиси суди Конститутсионӣ бисту ҳафт соли амали Конститутсия собит намуд, ки халқи тамад­дунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санадеро қабул на­мояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бо­низоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин намояд.

Таъкид гардид, ки ин санади ояндасоз барои фаъолияти бузурги созандагию бунёдкорӣ шароит муҳайё карда, Тоҷикистонро ба шоҳроҳи бузурги дигар­гуниҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳидоят менамояд.

Боварӣ изҳор карда шуд, ки Конститутсия солиёни зиёд барои дав­лату миллат хизмат намуда, чун рамзи озодиву соҳибихтиёрӣ, эҳёи давлату давлатдорӣ, ваҳдату ягонагӣ, ободию созандагӣ, худогоҳиву ватандустӣ пойдору ҷовидон хоҳад монд.

Ҳамчунин, судяҳои Суди конститутсионӣ Ҷамшед Ҷамшедзода ва Дилором Аб­дураҳимзода доир ба   санади сарнавиштсоз ва бахт­номаи мил­лат бу­дани Конститутсия ибрози назар намуда,  қабули онро ифодаи дастгирии халқ  аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  арзёбӣ намуданд.

 

АКС аз Суди конститутсионии ҶТ

Ноябрь 6, 2021 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?